Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад

Декабрь 18, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 18.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Теҳрон ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲШ/ (Economic Cooperation Organization /ECO/) таҳти раисии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон Неъматулло Эмомзода  оғоз ёфт.

Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба уҳда дошта, инчунин ба он намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва иқтисоду савдои мамлакат шомил мебошанд.

Назар ба иттилои коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар ҷамъомад дар доираи ҷаласаҳои кумитаҳои соҳавӣ як зумра масъалаҳои муҳиму мубрами фаъолияти СҲИ,  аз ҷумла банақшагирии фаъолияти он дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ то 20 декабр идома хоҳад ёфт.

Декабрь 18, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд