Ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бори аввал ба забони немисӣ тарҷума ва нашр шуданд
ДУШАНБЕ, 8.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Ишқи минӯӣ» бо забони немисӣ ба нашр расид. Маҷмӯа дар тарҷумаи Александр Ҳайзер тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор ва дастраси хонандагон гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоб фарогири тарҷумаи 17 ғазали Шайх Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки бо муҳаббати хос аз ҷониби профессор аз Ҷумҳурии Федеративии Германия, раиси Ҷамъияти дӯстии Германия-Тоҷикистон Александр Ҳайзер анҷом пазируфтааст. Ашъори Шайх Камол бори аввал ба забони немисӣ тарҷума ва нашр мешавад.
Ба иттилои манбаъ, «Ишқи минӯӣ» бо пешгуфтори профессор Матлубаи Мирзоюнус роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ оғоз шуда, ба хонандагони немис дар мавриди шинохти шахсияти шоири номвари тоҷик маълумоти ибтидоӣ медиҳад. Китоб бо ду забон — тоҷикӣ ва немисӣ нашр шудааст ва шомили маҳбубтарин ғазалҳои Камол мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Камоли Хуҷандӣ яке аз донишмандони бузурги садаи XIV ба шумор меравад. Ӯ соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Шоир дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст.
Пас аз даргузашт аз шоир танҳо 14 ҳазор байт ёфтаанд, ки аз он шумор то замони мо зиёда аз 7 ҳазор байт расидааст.








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






