Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир» оғоз ёфт

Декабрь 6, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир», ки тайи ду рӯз идома меёбад, ба кор оғоз намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  Форуми мазкур  бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон  бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи  ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди  инфрасохтори низоми пардохтӣ,  инчунин фароҳам овардани фазои мусоид  барои табодули  таҷрибаи  пешрафтаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи хизматрасониҳои  бонкӣ тавассути технологияҳои  муосири инноватсионӣ, таъмини дастрасии  аҳолӣ ба хизматрасониҳои  молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи  маърифати молиявии  аҳолӣ  дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ/Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC)  доир гардид.

Бояд гуфт, ки дар кори Форум  намояндагони бонкҳои   марказии кишварҳои ИДМ, низомҳои пардохтии байналмилалии «UnionPay», «Master card», «JCB», коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва операторони алоқаи мобилӣ ширкат доштанд.

Форуми байналмилалиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки воридшавӣ ва ҷоришавии технологияҳои  муосири  рақамӣ дар бахши молиявию бонкӣ нисбатан зудтар амалӣ мегардад ва дигар бахшҳоро ҳавасманд карда,  ҷалб менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон мисли дигар бонкҳои марказӣ  рушди низоми партохтиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар бо истифода аз тамоми  имкониятҳо, аз ҷумла таввасути амалӣ намудани хизматрасониҳои фосилавии  бонкӣ, пардохти молу хизматрасониҳо бо истифода аз   воситаҳои пардохти электронӣ, афзоиши ҳаҷми пардохтҳои  ғайринақдӣ, рушди техналогияҳои нав дар бахши пардохт, баланд бардоштани иттилоотонӣ ва эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои  муосири пардохтӣ мусоидат менамояд».

Ҳамчунин Ҷ.Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки таъмини  фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ  иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ,  доир намудани Форуми   мазкур  барои Бонки миллии Тоҷикистон  ва дар умум, барои низоми бонкии кишвар рӯйдоди муҳим мебошад.

Инчунин  дар доираи Форум аз ҷониби иштирокчиён оид ба тамоюли муосири рушди хизматрасониҳои молиявии рақамию электронӣ, инфрасохтори низоми пардохтӣ ва татбиқи  технологияҳои муосири инноватсионӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ бо пешниҳод намудани рӯнамоиҳо мусоҳибаҳои панелӣ ва гузаронидани суҳбатҳои «мизи мудаввар» ба нақша гирифта шудааст.

Декабрь 6, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад