Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» ва «Рассомони наврас» ҷамъбаст мегардад

Декабрь 24, 2018 11:27

ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 декабр,  соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» ва «Рассомони наврас» ҷамъбаст мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври аввали фестивал-озмун қаблан сипарӣ гардида, дар он 46 нафар мутрибони наврас иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиён 20 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ба монанди рубоб, рубоби прима, дутор, кларнет, най, фортепиано, доира, скрипка ва кселофон менавозанд.

Ҳамзамон 50 нафар хоҳишмандон аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов ва шаш мактаби санъати бачагона аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар бахши «Рассомони наврас» иштирок намуданд. Аз ин миён асарҳои 10 нафари онҳо ба даври ҷамъбастӣ роҳ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал — озмун бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, инкишофу шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон байни наврасони лаёқатманд, инкишоф додани малакаҳои касбӣ ва ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Декабрь 24, 2018 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд