ХАБАРИ ХУШ! Дар арафаи Соли нав нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон поин оварда шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодии 2019 нархи сӯзишвориро дар биржаҳои ҷаҳон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, хулосаи худро пешниҳод намуд. Тибқи он, дар бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка то 10 дарсад поин оварда шуд.
То алвақт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як литр гази моеъ то 4 сомониву 40 дирам, як литр бензини навъи 92 то 7 сомониву 90 ва бензини навъи 95 то 8 сомониву 20 дирам фурӯхта мешуданд. Ҳоло нархи як литр гази моеъ 4 сомонӣ ва бензин вобаста ба навъҳояш аз 7 сомониву 50 дирам то 7 сомониву 80 дирам муқаррар шудааст.
Қабл аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ қарор қабул карда буд, ки он барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад ва аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои қарор идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.








Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид






