«Куллиёт»-и Сайидои Насафӣ-эҳдо ба ҷашни 400-солагии ин суханвари бузург
ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 400-солагии суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО таҷлил мегардад, нашриёти «Дониш» «Куллиёт»-и ашъори ин суханвари тавонои асри 17-ро нашр намуд. «Куллиёт» бо ибтикори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омад.
Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «Куллиёт» аз қасидаву маснавиҳои хурд, ғазалиёт, матни «Баҳориёт»-и шоир, мухаммасот, рубоиёт ва «Шаҳрошӯб»-и ӯ иборат аст.
Ба андешаи Ф. Раҳимӣ, дар ашъори Сайидо, пеш аз ҳама, ишқ бо тамоми паҳлуҳояш тараннум ёфтааст. Зиёда аз ин мавсуфро адибе аз табори ҳунармандон муаррифӣ кардаанд ва ашъори ба аҳли ҳунари замон бахшидаи ӯ дар эҷодиёташ мавқеи вижа дораду маҳбубияташро дар байни ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ бештар афзудааст.
Беҳтарину бебаҳотарин ва боэътимодтарин маъхазе, ки моро бо Сайидои Насафӣ, шебу фарози зиндагӣ ва мероси адабии ӯ аз наздик ошно менамояд, эҷодиёти ӯст. Офаридаҳои килки сеҳрангези шоир беш аз 8500 байтро фаро мегиранд.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






