«Марди роҳ». Тамошои ин филми муассир ба ҳар фарди дилогоҳ ҳадиси пандомӯзи ватандорию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад

Декабрь 19, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Маркази «Вефа»-и шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»  пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Дар толор зиёда аз 700 нафар  кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ҷамъ омада, сарҷамъона онро тамошо намуданд.  Филми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» омода шуда, муаллиф ва коргардони филм Носир Саидов мебошад.

Дар филми мазкур бо истифода аз далелу асноди муътамади таърихӣ аз кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати деринтизор ба таври мусаввару мунаввар қисса карда мешавад. Тамошои ин филми муассир ба ҳар фарди дилогоҳ бори дигар ҳадиси пандомӯзи ватандорию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад.

Бояд гуфт, ки филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» тӯли 8 моҳ омода шуда, он аз заҳматҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу субот ҷони хешро дареғ надошта, заҳмат кашидаанд, нақл мекунад. Наворҳое, ки дар он истифода шудаанд, ҳама воқеиянд. Дар филм ҳар як лаҳзаи ҷанги хонумонсӯзи  шаҳрвандӣ, лаҳзаҳои даҳшатборе, ки мардум аз садои тиру тӯп ҳаросон ба кишвари ҳамсоя- Афғонистон мегурехтанд, нишон дода шудаанд.

Дар филми мазкур наворҳое ба мушоҳида мерасанд, ки инсонҳо бо марг мубориза мебаранд. Гуруснагӣ, оби чашми модарон, хонаҳои вайрону валангор, манзилҳои бесоҳиб  ва бисёр лаҳзаҳои мудҳише ҷой дода шудаанд, ки насли имрӯза бояд аз он ибрат гирифта, барои дигарбора такрор нашудани он кӯшиш намояд.

Воқеан саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳо, бо манзили зист ва ҷои кор таъмин намудани онҳо, ба зиндагии осоишта баргардонидани мардуми азияткашида хеле назаррас ва беназир аст.  Ба Тоҷикистони ҷангзада овардани сулҳ, субот, амонӣ ва ба роҳи созандагию бунёдкорӣ равона намудани мардум худ қаҳрамонист. Қаҳрамоние, ки таърих амсолашро кам дидааст…

Баъд аз он сулҳи деринтизори мо фаро расид, раванди дигари боз ҳам душвору мадид – мустаҳкамкунии давлатдории миллӣ ва ба ҳайси як воҳиди мустақил батадриҷ пайвастани мамлакат ба ҷомеаи кунунии ҷаҳонӣ шурӯъ шуд. Дар ин роҳ низ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба мардуми тавонои тоҷик дилпурона ба пеш қадам мениҳанд.

Таҳиягарони филми мазкур доир ба қаҳрамонию ҷоннисориҳои Сарвари давлат ҳарф зада, бештар бо он кас ҳамсуҳбат мешаванд. Пешвои миллат бо таассуфи зиёд он рӯзҳои шумро ба хотир оварда, мардуми мамлакат ва бахусус ҷавононро ба собитқадамӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи ободу озод, созандагию бунёдкорӣ даъват мекунанд.

Пеш аз оғози филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»   Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки  филми мазкур  имрӯз дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба  ҷавонон намоиш дода мешавад. Ба гуфтаи мавсуф, ҳадаф аз намоиш додани филм- шинос намудани ҷавонон бо таърихи халқи тоҷик,  дастовардҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ба роҳи нек, ватандӯстию худшиносӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намудани онҳост.

Гуфтан бамаврид аст, ки филми «Марди роҳ»  баҳри  баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Он филми таърихиест, ки имрӯз ҳар як ҷавонро ба дӯст доштани Ватан ва расидан ба қадри Истиқлолияту ваҳдати миллӣ даъват менамояд.

Пас аз тамошои филм сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Шоҳзод Раҳимзода  иброз дошт, ки филми мазкур барои дарки худшиносии ҷавонон аҳамияти калон дошта, дар рушду суботи ҷомеа, ҳамзамон баҳри мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии мамлакат ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он нақши муҳим мебозад.

«Ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат  дар ин филм таҷассум гардида, заҳматҳои шабонарӯзии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯи навор омадаанд.  Дар филм андешаи нафароне оварда шудааст, ки шоҳиди     даҳшатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд ва дар  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок  доштанд. Онҳо бовар надоштанд, ки  Тоҷикистон соҳибистиқлол ва тинҷу ором мегардад. Вале Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи тозае боз намуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори оқилу ҷавон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он кас тавонистанд умеду орзуи ҳар як сокини Тоҷикистонро амалӣ гардонида, китоби таърихи навини миллати тоҷикро бо ҳарфҳои заррин иншо созанд»,- гуфт Шоҳзод Раҳимзода.

Донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нозанин Холиқова аз зумраи ҷавононе буд, ки имрӯз филми мустанади «Марди роҳ» -ро тамошо кард ва бардоштҳои худро ба мухбири АМИТ «Ховар» чунин баён дошт: «Ҳар як нафаре, ки ин филмро тамошо намуд, бори дигар бо саҳифаи таърихи миллати тоҷик шинос гардида, ба худ ғизои маънавӣ гирифт. Аз ҷумла, ман бори дигар аз давлатдориву давлатсозӣ ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳӣ пайдо намуда, чун ҳарвақта аз он дарси ибрат омӯхтам. Зеро истиқлолият, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ҳама аз натиҷаҳои созандаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буданд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикон муяссар гардиданд», -гуфт Нозанин Холиқова.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллатем!» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аксияҳои тарғиботӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор мекунам!», «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат!» доир шуда,  ба ҷавонон нишонҳои сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои миллат таҷассум ёфтааст,  тақсим карда шуданд.

Бояд гуфт, ки тамошои дастаҷамъонаи  филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» имрӯз бо иштироки беш аз 32 ҳазор нафар ҷавонон  ва  аҳли ҷомеа дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ  ба роҳ монда шуд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 19, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад