«ПУБЛИТСИСТИКАИ САЛОМИДДИН МИРЗОРАҲМАТОВ – МУАРРИФИ ЧЕҲРАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА СИЁСӢ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид

Декабрь 15, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 15.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи марказии ҲХДТ мизи гирд дар мавзӯи «Публитсистикаи Салоҳиддин Мирзораҳматов —  муаррифи  чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ» доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин ҳамоиш инчунин муаррифии китоби тозанашри ин  Саломиддин Мирзораҳматов «Оинаи каҷи демократияим  тоҷик» («Кривое зеркало таджикской демократии»), ки ба забони русӣ нашр шудааст,  низ барои ширкатдорони ин «мизи гирд»  муаррифӣ карда шуд.

Сармуҳаррири «Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Ҳамдамов, ки модератори ин нишаст буд, дар ибтидо номаи Саломиддин Мирзораҳматовро, ки ба аҳли нишаст аз кишвари Қазоқистон фиристондааст, қироат кард.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ба  насли ҷавон фаҳмонидан ва талқин намудани ин ҳақиқат аст, ки  ҳар  кассе, ки ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дорад, хоҳ дар дохили кишвар ва хоҳ берун аз марзи он   метавонад ба Ватани худ хизмат куна два  дар муаррифии кишвари хеш саҳмгузор бошад.

Дар ин маҳфили илмию назариявӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Низом Қосим, нависанда ва публитсисти собиқадор Бахтиёр Муртазоев, роҳбари дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон доктори илмҳои филология Абдусаттор Нуралиев,   драманавис Ҷумъа Куддус ва як қатор журналистону пажӯҳишгарони ин соҳа аз ҷумлаи аспирантону олимони ҷавон ширкат ва суханронӣ карда, дар бораи  маҳорату истеъдоди журналист ва публисисти шинохта Саломиддин Мирзораҳматов  сухан изҳори андеша намуданд.

Адиби шинохта Бахтиёр Муртазоев зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ», ки фарогири масоили марказии очеркҳои таърихии Саломиддин Мирзораҳматов буд,  забон, мавзӯъ ва мундариҷаи  ин очеркҳоро ба ҳозирин аз лиҳози таҳлилӣ баррасиву бозгӯ кард.

Дар маърӯзаи Ҷумъа Куддус далелҳои таърихӣ дар публитсистикаи Саломиддин Мирзораҳматов ба риштаи таҳлил кашида шуд.
Дар ин ҳамоиш бори дигар собит гардид, ки воқеаҳои таърихӣ  ва инъикоси онҳо дар журналистика ҳамеша актуалӣ хоҳад буд ва асли журналистика низ ҳамин аст.

Ногуфта намонад, ки падидаи ба забони русӣ навиштани журналистони тоҷик дар солҳои 80 — 90 — и асри гузашта дар мисоли публитсистикаи Отахон Латифӣ, Нур Табаров, Ҳулкар Юсупов, Саломиддин Мирзораҳматов ва дигарон мактаби хоси журналистӣ буда, яке аз сарчашмаҳои муҳими муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мегардад.

 

Декабрь 15, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ансамбли давлатии «Фалак»-и Тоҷикистон дар ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг» дар Сеул иштирок намуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе тарҷумаи ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид
Ба 7768 хонаводаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Дар ноҳияи Балҷувон тақдими китоби «Шоҳнома» ба 5076 оила идома дорад
Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз» аз чоп баромад
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
Дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 муайян карда шуданд