Тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ намояндагони дигар миллатҳо бо расму оин ва фарҳангу забони мо шинос мешаванд-бардошт аз ҷамъомад дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи дастурҳои Пешвои миллат бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо якчанд созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуданд. Ин нуктаро имрӯз сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода дар ҷамъомаде, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон баргузор гардид, баён дошт.
Тавре аз Хадамоти мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим», Созмони байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад Тоҳир Каримзода зикр кард, ки муҳоҷират ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон бо дарназардошти манфиати бештар ба раванди болоравии сатҳи зиндагии мардум ва иқтисоди миллӣ, пас аз ором шудани вазъ дар Тоҷикистон ва батадриҷ фаъол шудану бунёд гардидани корхонаҳои хурду калон ва ба ин васила рушд ёфтани иқтисоди миллӣ сол то сол бештар гардида, ба анъанае табдил ёфт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ раванди болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас густариш ёфта, ҳатто симои шаҳру деҳот бо бунёди корхонаву марказҳои маишӣ ва манзилҳои бо тарзи муосир сохташуда дигаргун шуданд.
Зикр шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари мушкилоти доштааш аз бисёр ҷиҳат манфиатнок ҳам ҳаст. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон тайи 20 соли охир тавонистанд, ки дар минтақаҳои мухталифи Россия ва Қазоқистон корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ташкил намуда, ба дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати пайдо намудани ҷои кор кумак намоянд. Муҳимтар аз ҳама онҳо миллати тоҷикро дар миёни дигар қавму миллатҳо муаррифӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ намояндагони дигар миллатҳои маскуни Федератсияи Россия бо расму оин, урфу одат, фарҳангу забон ва бисёр дастовардҳою ҳунарҳои миллии мо шинос гардида, оид ба таърихи қадимии тоҷикон маълумоти муфид мегиранд.
Дар ин ҷода саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ (диаспорахо) хеле назаррас буда, ҳар иду маъракаҳои фарҳангиву иҷтимоие, ки онҳо мегузаронанд, муаррифи маданияти халқи тоҷик мебошанд. Имрӯзҳо маълум аст, ки бисёре аз ҷавонони муҳоҷири тоҷик аллакай бо дарёфти имконияти мавҷуда дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик таҳсил доранд. Онҳо баробари пайдо намудани даромад инчунин ихтисос ва касб ҳам меомӯзанд, ки ба ояндаашон манфиатбахш аст.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо дарки зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз пайомадҳои нохуши он ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон дар хориҷа Стратегияи давлатии ҳукумати кишвар амалӣ гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати будубоши шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия, ки 90 % — и муҳоҷират ба ин давлат рост меояд, муҳоҷирони меҳнатӣ ба як зумра имтиёзҳо соҳиб гаштанд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар 11 моҳи соли равон шумораи шаҳрвандоне, ки ба хориҷи мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 468 ҳазору 203 нафарро ташкил медиҳад.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






