Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 4.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода 3 декабр бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ Вазири фарҳанг аз ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуда, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва он авлавияти сиёсати хориҷии мамлакати мо ба ҳисоб меравад».
Зикр шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо (Брюссел) соли 2001 фаъол гардид. Дар навбати худ, Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз соли 2009) соли 2004 кушода шуд.
Хонум Мерилин Йосефсон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишварро ба муносибати аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Чакан» табрик гуфта, онро дастоварди муҳими миллати тоҷик дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва маориф, омода кардани мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи фарҳанг ва санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






