«БИЁЕД КИТОБ МЕХОНЕМ!». Таҳти ин шиор дар Хуҷанд ҳамоиши омӯзишӣ ва маърифатӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва ташаббуси Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи » Биёед китоб мехонем!» баргузор гардид.
Дар тренинг роҳбари маҳфили «Муаррихони ҷавон» Ҷасур Ҳайитқулов оид ба аҳамияти китобхонӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки тоҷиконро дар ҳама давру замон бо фарҳанги воло ва таърихи пурғановаташон мешинохтанду мешиносанд. Ба василаи осори баландмазмуни адибу донишмандони бузургамон халқи тоҷик ба дигар қавму миллатҳои дунё муаррифӣ гаштааст.
Зимни ҳамоиш аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки насли ҷавони имрӯза дар китобхонӣ аз гузаштагони худ қафо мондаанд, ба китобдорию китобхонӣ аҳамияти хоса зоҳир намекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз китобу китобхонӣ дур шудан дар саросари олам дар интиҳои садаи ХХ ба миён омадааст.
Вобаста ба ин ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бо мақсади дур намудани ҷавонон аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешанд.
Дар охир иштирокдорони тренинги мазкур ба хулоса омаданд, ки баҳри ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонаҳо фикру ақидаҳои худро пешниҳод менамоянд ва аксияву машғулиятҳои тарбиявию маърифатӣ доир менамоянд.









Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






