БОСМАЧИРО ТАЪРИХ ҲЕҶ ГОҲ НАМЕБАХШАД! Андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар ин бора
ДУШАНБЕ, 22.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таърих аҷиб гардише дорад, бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор мекунанд ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд. Калимаҳои «босмачӣ» ва «қурбошӣ» қариб фаромӯш шуда буданд, аммо дар ин айём раиси ТЭТ -Ҳизби хиёнаткори наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва косалеси он Саидюнуси Истаравшанӣ он босмачиҳоеро, ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ, таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда, дар таърих ва байни мардум ҳамчун золим шинохта шуда буданд, ҳимоя мекунанд ва худашонро низ босмачӣ меноманд. Ин матлабро Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода зимни як навиштаи хеш ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.
Дар идомаи матлаб омадааст:
-Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии мустақими худ ва Саидюнуси Истаравшанӣ дар баёни фикри худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег, Фузайл махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда, ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ карданд.
Муҳиддин Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод, муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад, зеро ин калимаҳо саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронанд, мепӯшонанд ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешаванд.
Ҳизби хиёнаткори наҳзат солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳод эълон карда, хуни мардумро рехт ва дар майдони Шаҳидон чунин эълон намуд: «Куштӣ, ғозӣ мешавӣ, кушта шавӣ, шаҳид мешавӣ ва ба ҷаннат меравӣ». Имрӯз бо тариқи шабакаҳои интернетӣ Кабирӣ ва Саидюнус ҳамон фатвои бе аслро пеш оварда, босмачӣ ва қурбошиҳоро муҷоҳид, мубориз ва шаҳид эълон намуданд. Аз ин суханҳои бемантиқ маълум мешавад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ Саидюнус аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ, ки хиёнаткор ҳастанд, хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд, ҳақиқати таърихиро дидаву дониста, инкор мекунанд. Халқи одӣ аз дасти онҳо чӣ азобу уқубату машаққат дидааст, онро намегӯянд ва даъво мекунанд, ки Иброҳимбег, Фузайл махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.
Ҳақиқати ҳолро Қаҳрамони Тоҷикистон ва фахри миллати тоҷик устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд: «Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору яғмогару хунхоранд». Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки Кабирӣ ва Саидюнус аз он қурбошӣ ва босмачиҳо фарқе надоранд, зеро миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






