Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба табодули таҷриба зимни идораи самараноки захираҳо мулоқот сурат гирифт

Январь 29, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 29.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев 28 январ дар Душанбе бо коршиноси молиявии Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ Бернард Мурира мулоқоти корӣ доир намуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев ва Бернард Мурира оид ба татбиқи  Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар самти идоракунии самараноки захираҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти  мутахассисони ин бахш ибрози назар карданд. Зикр гардид, ки дар доираи даври аввали татбиқи Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ вохӯриҳо бо коршиносон, табодули таҷрибаи бонкҳои марказии узви ин барнома дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, иштирок дар машғулиятҳои омӯзишӣ дар такмили мутахассисон нақши зиёд дошт.

Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Бернард Мурираро барои идомаи ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, яъне ба ҳайси узви комилҳуқуқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, ҷалб намуд. Ҷамолиддин Нуралиев бахусус табодули таҷриба ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар доираи  методологияи муқаррар намудани сиёсати нархгузорӣ, сохтор ва стратегияи тарифҳо  ба манфиати кор донист.

Коршиноси бахши молиявии Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳо Бернард Мурира изҳор дошт, ки тайи чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ба ҳайси машваратчӣ қарор дорад, аз даври аввали барнома натиҷагирӣ карда, барои идомаи ҳамкорӣ дар зинаи нав таклифу пешниҳодҳои худро манзур хоҳад кард. Бернард Мурира зикр кард, ки идома додани ҳамкорӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад, ба мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон имконияти дастрасӣ ба барномаҳои тахассусӣ оид ба тақсимот ва идораи захираҳоро хоҳад дод. Дар доираи кумаки техникии ин Барнома мутахассисон метавонанд аз таҷрибаи бонкҳои марказӣ ва коршиносону машваратчиёни Барнома оид ба идораи самараноки захираҳо такмили ихтисос кунанд.

Бояд зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Раёсати хазинадории  Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, моҳи майи соли 2016 дар доираи Барномаи заминавии хизматрасониҳои машваратии техникӣ шомил гаштааст.

Январь 29, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад