ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Муъминобод боғи «Сайёҳон» бунёд гардид
БОХТАР, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 зимни баргузории тадбирҳои хуррамгардонии муҳит ва сабзазоркунию ободонӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби ҷавонон беш аз 404 маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Тавассути онҳо дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ 43 ҳазору 962 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар шаҳри Бохтар иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки бо мақсади анҷом додани корҳои ободонӣ ва хуррам гардонидании муҳити зист соли 2018 аз тарафи ҷавонони вилояти Хатлон, ки як самти нақшаи кории Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мебошад, маъракаҳои ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» ва «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем» баргузор карда шуданд.
Дар ин давра дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол дар майдони 1,7 гектар боғи «Сайёҳон» бунёд гардид. Дар он 511 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 54 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, дар маҷмӯъ 565 бех ниҳолҳо шинонида шуданд.
«Корҳои ободонӣ дар ин самт соли 2019 низ идома ёфта, маъракаҳо ва ҳашарҳои ниҳолшинонӣ пайваста гузаронида мешаванд», — зикр намуд Фариза Абдуллозода








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






