«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ» — унвони рубрикаи нав дар сомонаи АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2019 15:26

ДУШАНБЕ, 02.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ-манбаи аслии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, воситаи таълиму тарбия, фароғат, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чунин тавсиф намудааст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковаги бузурги худ фарқ мекунад. Вале заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам  маҳз китоб аст.

Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам  маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд

Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад.

Бо назардошти ин гуфтаҳо ва бо мақсади тарғибу ташвиқи бештари насли наврасу ҷавонон ба китоб ва китобхонӣ АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ рубрикаи навро таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» боз намуд.

Дар ин рубрика ҳамарӯза маводҳои ҷолибу хонданӣ доир ба эҷодиёти адибони тоҷик ва ҷаҳон, китобҳои нав,  фаъолияти китобхонаҳо, китобдорӣ, китобхонӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонаҳо ва китобхонӣ, инчунин андешаҳои  адибону олимон,  шахсиятҳои барҷаста, мутахассисон ва коршиносон   доир ба мавзуоти китобу китобхонӣ ҷой дода мешаванд.

Январь 2, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд