КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ ба низоми электронӣ гузашт
ХОРУҒ, 31.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ кардани барномаҳои махсуси Ҳукумати электронӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» батадриҷ ба низоми нави электронӣ мегузаранд. Барномаи мазкурро Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ менамоянд.
Директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ Маснав Саидзокиров зимни муаррифии барномаи нави бақайдгирии молу мулки шаҳрвандон гуфт, ки «ин ба кормандони корхона имконият фароҳам меорад, ки дар зудтарин фурсат тавассути интернет молу мулки шаҳрвандонро ба қайди давлатӣ гиранд. Ҳамчунин тамоми асноду ҳуҷҷатҳои заруриро дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ба дасти онҳо супоранд. Ин барнома шаффофияти ҳисобу китобро дар фаъолияти ҳам Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва ҳам мақомоти андоз ба таври комил таъмин карда, дар оянда амалҳои корруписониро дар ин ду ниҳоди давлатӣ решакан менамояд».
Дар гузашта шаҳрвандон барои ба қайд гирифтани молу мулки ғайрманқули худ идора ба идора гашта, баъзан барои ба даст овардани як имзои сардори ин ё он корхона ду-се рӯзро беҳуда сарф мекарданд. Акнун ин ҳама сарсонию саргардониҳо бартараф шуда, шаҳрвандон дар доираи як идора метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликият ба даст оранд.
Ба ибораи дигар, агар қаблан дар як рӯз 20 ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ ба шаҳрвандон дода мешуд, ҳоло бо тарзу усули электронӣ дар як рӯз зиёда аз 100 ҳуҷҷату санадҳои шаҳрвандонро ба расмият даровардан мумкин аст.








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






