КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ:Таъмини амнияти туристони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон кафолат дода мешавад

Январь 17, 2019 17:19

ДУШАНБЕ, 17.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 январ бинобар аз ҷониби Пешвои миллат   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб силсилаи  семинарҳо оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар кори чорабиниҳо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ, ҳунармандон ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.

Зикр шуд, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои рушди минбаъдаи устувори сайёҳӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Дар ин давра як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, портали (ё сомонаи) миллии сайёҳии мамлакат бо 5 забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд. Ба ин васила соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.

Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат то имруз 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуда, ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд ва шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 145 адад расонида шуд.

Бо истифода аз имтиёзҳо ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ 9 лоиҳа, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, маҷмааи сайёҳӣ, боғҳои фароғатӣ, роҳи танобӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ аз хизматрасониҳои 297 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо  ва 58 гушаҳои иттилоотии сайёҳӣ истифода намуданд.

Лоиҳаҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» (дар таҳрири нав) ва қонуни ҶТ  «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия карда шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат имсол ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар бозорҳои нави ҷаҳонӣ – намоишгоҳҳои бузурги байналмилалӣ иштирок намуда, санадҳои зиёди ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ба Тоҷикистон  ҷалб намудани  сайёҳони хориҷӣ   ба имзо расонида шуданд.

Дар баробари ин, захираҳои бузурги сайёҳии Ватанамон дар дохил ва хориҷи мамлакат ба таври васеъ муаррифӣ карда шуда, барои ҷалби сайёҳон заминаи мусоид гузошт.

Тавре аз таҳлилҳои коршиносони соҳа бармеояд, вазъи амнияту бехатарии сайёҳон дар мадди аввал меистад.

Дар моддаи 2 зербанди 10 Қонуни ҶТ «Дар бораи туриз»” омадааст, ки «саёҳат (тур) – сафари туристӣ бо хатсайрҳои муайян дар мӯҳлатҳои муайян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокунӣ, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат (тур) дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин дар Моддаи 171 Қонуни онуни ҶТ «Дар бораи туризм» чунин омадааст:

  1. Таъмини амнияти туристони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туристон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҳимоя ва пуштибониро кафолат медиҳад.
  2. Мақомоти корҳои хориҷӣ ўҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба туристон дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдои давлатӣ дар соҳаи туризм маълумот диҳанд. Дар навбати худ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ўҳдадор аст туристон ва субъектони фаъолияти туристиро оид ба ин хатарҳои эҳтимолӣ хабардор намояд.
  3. Субъекти фаъолияти туристӣ се рўз пеш аз оғози саёҳат (тур) ба туристон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид гаштан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати (ҷои) будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросимҳои динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои намоишҳои туристии таҳти назорати махсус қарордошта, пешниҳод менамоянд. Суъбекти мазкур ҳамчунин ба туристон оид ба хатарҳое, ки мумкин аст дар вақти саёҳат (тур) ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳад ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти туристон равона шуда бошанд, татбиқ менамояд. Субъекти фаъолияти туристӣ маълумотро дар бораи туристоне, ки аз хориҷа барнагаштаанд, дар муҳлати се рўз баъд аз ба охир расидани саёҳат (тур) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм пешниҳод менамояд.
  4. Субъекти фаъолияти туристӣ оид ба ҳодисаи фавқулоддае, ки бо турист дар вақти саёҳат (тур) рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм, мақоми ваколатдори давлати оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи туристро фавран огоҳ менамояд.

Бояд зикр кард, ки  соли 2018 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбачаи нави сайёҳӣ таъсис дода шуд. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъбача ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шуд, ки минбаъд кормандони он дар хизмати сайёҳон хоҳанд буд. Ҳар дархосте, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ мешавад, ҳаллу фасл мегардад. Ин боз ҳам эътимоди сайёҳонро зиёдтар кард, минбаъд ҳар як муроҷиат ба таври фаврӣ пайгирӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад.

Дар кори чорабиниҳо таъкид гардид, ки баҳри васеъ кардани базаи моддӣ барои будубоши сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани меҳмонхонаҳои хурд дар заминаи манзили истиқоматии шаҳрвандони маҳаллӣ аз манфиат холӣ намебошад. Ин ҳолат ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар баробари истифодаи ҷойи хоб, бо фарҳанг ва расму оини миллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.

Инчунин, омода сохтани кадрҳои болаёқат барои хизматрасонӣ ба шумораи рў ба афзоиши сайёҳон, ба мақсад мувофиқ мебошад. Ба беҳдошти инфрасохтори хизматрасонӣ дар гирду атрофи иншоотҳои сайёҳӣ низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир кардан лозим аст.

Лозим ба ёдоварист, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ конфронсҳо ва семинарҳои омузиширо бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд.

Ҳамзамон, баргузории чунин семинарҳо ба баланд бардоштани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда ва дар ин замина тараққӣ додани сайёҳии дохилию байналмилалӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

 

Январь 17, 2019 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд