Маҳаллаи «Хуҷанд» ғолиби озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид

Январь 26, 2019 11:47

ХУҶАНД, 26.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бонувони дастаи маҳаллаи «Хуҷанд»-и маркази Суғд бо нишон додани маҳорату малака доир ба зебову камхарҷ оростани дастархони идона бо соҳиб гардидани холҳои баланд ғолиби озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» шуданд. Ҳамчунин даста барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки даҳаи аввали моҳи феврал сурат мегирад, соҳиби роҳхат гардид. 

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, озмуни мазкур тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифта, ҳадафи асосии он аз эҳё намудани фарҳанги рӯзгордорӣ, тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ, зебо ва камхарҷ оростани дастурхони идонаву тӯй иборат аст.

Даври ниҳоии озмуни шаҳрӣ дирӯз дар тарабхонаи «Анситу» бо иштироки намояндагони дастаҳо аз 22 маҳаллаи шаҳр баргузор гардид. Зимни он иштирокдорон ҳунари хешро дар оростани дастурхонҳои идона манзури ҳайати ҳакамон намуданд. Доварони озмун бештар ба сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд, дилписанд будани он бо риояи анъанаҳои суннатӣ ва таомҳои миллӣ баҳогузорӣ намуда, маҳз камхарҷии онро ба инобат гирифтанд.

Дар ҷамъбаст бо гирифтани холҳои зиёд дастаи маҳаллаи «Хуҷанд» мақоми аввал, маҳаллаи «Суғдиён» ҷойи дуюм ва маҳаллаи «Тути калон» ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Дар интиҳо ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплому ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Январь 26, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид