Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019» дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузор мегардад

Январь 7, 2019 11:15

ДУШАНБЕ, 7.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи марти соли равон  дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019»  гузаронида шуда, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019»  бо ибтикори Палатаи савдо ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш  муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи мазкур корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи  ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро  дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат  ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» намоиши анъанавӣ маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Январь 7, 2019 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд