«НИГОҲ БА СӮИ ОЯНДА». Таҳти ин унвон Универсиадаи патентии авруосиёӣ баргузор мегардад

Январь 14, 2019 12:18

ДУШАНБЕ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январ то 9 сентябр бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ Универсиадаи патентии авруосиёӣ- «Нигоҳ ба сӯи оянда» баргузор мешавад.  Дар ин бора аз Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, миёнаи касбӣ, олӣ, инчунин дигар шахсони ҳавасманди аз 10 то 25-сола даъват карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, универсиада аз рӯи ду категорияи синнусолӣ дар намуди озмуни корҳои эҷодӣ ё лоиҳаҳо аз рӯи мавзӯъҳои зерин баргузор мешавад:

  • категорияи I синнусолӣ (аз 10 то 17-сола) — «Аз афсона-ба ҳаёт: ҳалҳои ҷолиб»;
  • категорияи II синнусолӣ (аз 18 то 25-сола) — «Оянда аз назари ҷавонон: аз ғоя то патент».

Корҳои эҷодӣ ё лоиҳаи эҷодӣ метавонанд ҳам аз ҷониби иштирокчии алоҳидаи универсиада ва ҳам аз ҷониби гурӯҳи иштирокчиён мустақилона ё таҳти назорати роҳбари илмӣ иҷро карда шаванд.

Корҳои эҷодӣ (лоиҳаҳои эҷодӣ) ба Идораи патентии авруосиёӣ дар муҳлати аз 1 январ то 30 апрел дар шакли қоғаз ба суроғаи зерин равон карда шаванд: Россия, 109012, ш. Москва, хиёбони М. Черкасский, бинои 2.  Дар якҷоягӣ бо кори эҷодӣ (лоиҳаи эҷодӣ) ба Идораи патентии авруосиёӣ ариза барои иштирок дар универсиада равон карда мешавад.

Як иштирокчии универсиада (гурӯҳи иштирокчиён) соли равон метавонад як кори эҷодӣ ё як лоиҳаи эҷодиро равон намоянд.

Туҳфаи асосии ғолибони универсиада- ин ташриф ба қароргоҳи Идораи патентии авруосиёӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои шиносоӣ мебошад.

Ғолибони Универсиада бо медали Идораи патентии авруосиёӣ «Нигоҳ ба сӯи ба оянда», туҳфаҳои қиматбаҳо ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Январь 14, 2019 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад