Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки 26 апрел ҷашн гирифта мешавад, озмуни «Ихтироъкорони беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2017-2018 доир мегардад.
Дар озмун ихтироъҳои солҳои 2017-2018, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ таъмин шудаанд ва дар истеҳсолот татбиқ гардидаанд, баҳогузорӣ карда мешаванд.
Тавре аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур 26 апрели соли равон доир гардида, ихтироъкорону навоварон имкон доранд то 20 март ҳуҷҷатҳои худро ба он пешниҳод намоянд.
Ба иттилои манбаъ, ғолибон бо ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Хоҳишмандоне, ки майли иштирок дар озмун доранд, метавонанд ба нишонии: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14-а ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.
Маълумоти бештар дар сомонаи Маркази миллии патенту иттилоот- www.tajpatent.tj мавҷуд аст.
Телефон барои тамос: 222-21-53








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






