Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»
ХОРУҒ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зимни машварати васеъ дар ҳузури иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва сардори Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода аз фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки мувофиқи маълумоти омории Сарраёсати молия ва Раёсати андози вилоят, нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 110,3 фоиз иҷро гардидааст.
Вобаста ба амалисозии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ барои солҳои 2016-2020», ки дар маҷмӯъ 109 лоиҳаро дар бар мегирад, то 1 январи соли 2019 67 лоиҳа маблағгузорӣ гардида, 21 лоиҳа ба маблағи 803,1 млн. сомонӣ пурра ба иҷро расонида шудаанд.
Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани бештари лоиҳаҳои барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ- ин дақиқ муайян накардани манбаи маблағгузорӣ мебошад. Қабл аз таҳияи барномаҳо бояд заминаи воқеии маблағузории онҳо муайян карда мешуд.
Баъди эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки барои рушди соҳаи саноат дар вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Яке аз мушкилоти аслӣ, ки ба пешрафти соҳаи саноат монеа эҷод мекунад, ин кам будани ширкатҳои сохтмонӣ мебошад. Ҳанӯз бештари соҳибкорони вилоят ба хариду фурӯши молу коло машғул шуда, теъдоди ками онҳо рӯ ба соҳибкории истеҳсолӣ меоранд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки бо назардошти се рӯйдоди муҳими соли 2018, яъне аз ҷониби СММ расман оғоз бахшидан ба пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», барқарорсозии робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО «Роғун», ки дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид гардиданд, ин сол барои мардуми тоҷик соли ниҳоят бобарору таърихӣ буд.
Соли 2018-ро чун соли таҳкими волоияти қонун дар вилоят унвон намудан мумкин аст. Зеро пас аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят 15 сентябри соли 2018 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят такони ҷиддӣ ба амал омад. Баъди 27 соли соҳибистиқлолии кишвар бори нахуст ба масъалаи таъмини волоияти қонун дар вилоят таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, дар ин самт гомҳои устувор гузошта шуданд.
Таъсиси Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ва фаъолияти бонизоми он имкон дод, ки барои таъмини волоияти қонун заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Зикр гардид, ки маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат бо такя ба хиради азалии мардуми Бадахшон имкон дод, ки мушкилоти зиёде дар ин самт бе халалдор сохтани авзои ҷомеа ҳалли худро ёбанд.
Дар самти таъмини волоияти қонун дар вилоят ва бахусус маркази маъмурии он-шаҳри Хоруғ аз оғози фаъолияти ситод то имрӯз корҳои назаррас ба анҷом расонда шуда, натиҷаи дилхоҳ ба бор оварданд. Вале бо ин пешравиҳо набояд хотирҷамъ шуд, зеро мутаассифона, ҳанӯз ҳам нафарони манфиатхоҳу ғаразҷӯ ба хотири манфиатҳои шахсии худ мехоҳанд авзои ҷомеаро халалдор созанд. Ба ибораи дигар, мехоҳанд обро лой намуда, моҳӣ доранд. Ҳодисаи нангини зимни таҷлили Соли нави мелодӣ рухдода ва ҳодисаҳои рӯзҳои аввали моҳи январ шаҳодати воқеии ин гуфтаҳо мебошанд.
Ба таъкиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Ёдгор Файзов, мардум бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, соли 2019 муборизаро бо ҷинояткорӣ боз ҳам пурзӯр намоянд, зеро таъмини волоияти қонун танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ба хотири ба ояндагон мерос гузоштани як минтақаи ободу орӣ аз ҳар гуна ҷинояткорӣ ҳар як шаҳрванди солимфикр бояд масъулияти баланд эҳсос намояд.
Сардори ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният, муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода иброз дошт, ки маҳз бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ситод тамоми саъйи худро бар он равона намуд, то бе истифода аз ягон неруи низомӣ баҳри таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намояд. Аз ҳамкории сокинони ватандӯсти вилоят бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри таъмини амнияту оромӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҳадафи ноором кардани ҳаёти сокинони осоиштаи худро надошта, баҳри таъмини амнияти мардум тамоми чораҳоро роҳандозӣ мекунад. Мутаассифона, аз ҷониби афроди алоҳида ҳанӯз ҳам кӯшишҳои ноором сохтани вазъият дар вилоят ва хусусан шаҳри Хоруғ ба назар мерасанд. Бо мақсади халалдор накардани суботи ҷомеа бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳои шаҳр ҷоннок намуда, ба гурӯҳҳое, ки ба ин корҳои ношоиставу ғайриқонунӣ даст мезананд, бояд фаҳмонд, ки ба хотири ҳифзи дастовардҳо ва фазои амну ором аз аъмоли ҷинояткоронаашон даст кашанд.
Аксрияти нафароне, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯ қарор доштанд ва ихтиёрӣ ба мақомоти дахлдор ҳозир шуданд, барои онҳо дар асоси қарори суд ҷазои сабуктар таъйин карда шуд.
Давоми фаъолияти ситод аз аҳолӣ 398 адад силоҳи гуногунтамға мусодира карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар дасти аҳолӣ ҳанӯз силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст. Мавҷуд будани силоҳ дар дасти баъзе аз гурӯҳҳо буд, ки нафарони зиёде ҳатто марги фарзандони худро таҳаммул карда, аз баҳри даъво гузаштанд.
Сардори Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят Абдураҳмон Аламшоҳзода иброз дошт, ки ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти ситод нишон дод, ки пеш аз ҳама, ҳаракати мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ аз байн бурда шуда, ҳамчунин нафароне, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ ё дар ҳолати сархушӣ нақлиётро идора менамуданд, аз кори худ даст кашиданд. Ба муддати 5 сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ, ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифтани нафароне, ки дар ҳолати сархушӣ нақлиёт идора мекарданд, аз тадбирҳое ҳастанд, ки натиҷаи хуб доданд.
Дар ҷамъомад аз сокинони вилоят даъват карда шуд, ки ҷавобан ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ВМКБ чун як минтақаи дурдасти Тоҷикистон соҳибистиқлол даст ба ободкориву созандагӣ зада, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.