Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардид-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ХУҶАНД, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда тибқи нақша бунёди 510 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар назар аст. Аз ҷумла, навсозии Қалъаи Хуҷанд ва меҳмонхонаи овозадори «Ленинобод», бунёди Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва бинои планетарияи нав, роҳи танобӣ ва тарабхонаҳои замонавии «Темурмалик» ва «Фарел» аз зумраи ин иншоот мебошанд. Ин матлабро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф МУҲАММАДЗОДА зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон баён дошт.
Зикр шуд, ки соли 2018 аз маркази вилояти Суғд ва ҷойҳои таърихии он беш аз 64 ҳазор нафар сайёҳ, аз ҷумла 4300 нафар сайёҳи хориҷӣ диданд намуданд. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар ин давра дар маҷмӯъ 2,7 млн сомониро дар бар гирифт.
Инчунин зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба соҳаи иқтисодиёт гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби 163 коргоҳи хурду бузурге, ки 88 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд, ҳаҷми 63 намуди он нисбат ба соли қаблӣ зиёда аз сад фисад таъмин гардид.
Дар ин давра робитаҳои иқтисодии шаҳри Хуҷанд бо 45 мамлакати дуру наздик ба роҳ монда шуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 290,2 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Аз ҷумла, дар ин давра 11 корхонаи саноатӣ ба маблағи 188,4 млн. сомонӣ ба давлатҳои хориҷии дуру наздик маҳсулот содирот карда, аз ҷониби 54 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 318,9 млн. сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ истеҳсол гардиданд.
«Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1 млрд 033,3 миллион сомонӣ расид. Ин нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд аст», — афзуд раиси шаҳр М.Муҳаммадзода.








Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






