Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 18, 2019 11:18

ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, 16 феврал ҷаласаи якҷояи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ташкили инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгӯ намудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, дар мавзеъҳои таърихии вилоят фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, аз қабили мағозаҳои хурди фурӯши армуғонҳо, гулдӯзиву сӯзаниҳо, ҳуҷраи алоҳида барои бақайдгирии ташрифовардагон, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии вилоят дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ ба вилоят, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихӣ, насби харитаҳои сайёҳии алоҳида оид ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси сомонаҳои алоҳидаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ва маблағгузорӣ намудани «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020» дар сатҳи маҳал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории курсҳои омўзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа, таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо мабразу дастшӯйгоҳҳо, ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, инкишоф додани сайёҳии кӯҳнавардӣ, бунёди базаҳои кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, тезонидани сохтмони иншооти нав, дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёди меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти тарғиби тиҷорати сайёҳӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои шаҳру ноҳияҳои аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ва намудҳои сайёҳӣ дорои бартарият, ташкили низоми муосиди омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароит барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки роҳандозии онҳо ба рушди соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.

Тибқи натиҷаҳои ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорон баргузор карда шуда, дар заминаи имтиёзҳои фароҳамовардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони минтақа барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба таври васеъ ҷалб карда шаванд.

Ҳарчи зудтар ташкил намудани сомонаҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар даромадгоҳи шаҳру ноҳияҳо насб намудани харитаҳои сайёҳӣ ва маълумотнома, мағозаи фурӯши армуғонҳо дар меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ, таҳия ва нашри маводи иттилоотии сайёҳӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҳар моҳ ҷараёни иҷрои корҳо дар самти рушди сайёҳӣ натиҷагирӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин, зикр гардид, ки соли 2018 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Зарнисор» харитаи нави иттилоотии сайёҳии вилояти Хатлонро бо забони англисӣ омода карда, дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар маркази иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Ҳамзамон дар ҳудуди вилоят 975 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 73 меҳмонхона- 16 адад зиёд нисбат ба соли 2017, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо- 40 адад зиёд нисбат ба соли 2017, 106 ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ- 56 адад зиёд нисбат ба соли 2017, 55 адад мағозаи фурўши армуғонҳо- 51 адад зиёд нисбат ба соли 2017, 31 осорхона, 60 мавзеъҳои табиӣ, 27 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 125 тарабхона, 31 осорхона, 194 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 80 зиёратгоҳ, 22 адад боғҳои фарҳангӣ ва 18 ширкати сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарўза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан ва аз хизматрасониҳои онҳо истифода мебаранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба вилояти Хатлон соли 2018 дар умум 225 ҳазору 846 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (218 ҳазору 88 нафар сайёҳони дохилӣ ва 7758 нафар сайёҳони хориҷӣ) аз 32 давлати дунё, аз ҷумла: Афғонистон, Ирландия, Англия, Покистон, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Германия, Нидерландия, Франсия, Канада, Австралия, Миср, Эрон, Британияи Кабир, Швейтсария, Исроил, Ҳиндустон, Полша, Япония, Испания, Венгрия, Қирғизистон, Украина, Россия, Арманистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркманистон ташриф овардаанд.

Қобили зикр аст, ки вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кўҳнавардӣ, экологӣ ва таърихию фарҳангӣ машғул мешаванд.

Соли равон низ Кумита барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои дорои имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ ва қабули сайёҳон, аз ҷумла: Кўлоб, Бохтар, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Шаҳритус силсиласуҳбату мулоқот, тренингу омўзишҳо, конфронсу фестивалҳои минтақавӣ, барномаҳои телевизионӣ ва корвони рӯзноманигоронро амалӣ менамояд, ки баҳри муаррифӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар минтақа мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии вилоят Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамасола мавзеъҳои тамошобоби Хатлонро дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё ва минтақа манзури дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳон менамояд.

Февраль 18, 2019 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад