Дар шаҳри Гулистон 180 иншоот бунёд ва беш аз 2300 ҷои корӣ таъсис дода мешаванд

Февраль 4, 2019 17:47

ХУҶАНД, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон  бо 19 давлати ҷаҳон робитаи иқтисодӣ ба роҳ монда, аз теъдоди умумии 30 корхонаи фаъол 17-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,7% то ба 830% расониданд.

Ҳамчунин баҳри рушду навсозии иқтидорҳои истеҳсолии иқтисодиёти шаҳр 572,8 миллион сомонӣ сармояҳо ҷалб карда шудаанд, ки аз он 530,0 миллион сомониашро сармояҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.  Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2018 раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба рӯзноманигорон баён дошт.

Ҳамзамон илова гардид, ки  дар ин давра вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ давоми соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар миқёси шаҳр ва ҷамоатҳои он 180 иншоот бо фарогирии 2300 ҷойи нави корӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ин шумора давоми соли гузашта  40 иншоот, аз ҷумла 4 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 90 ҷои корӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин замина дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни Навруз боз як коргоҳи нави истеҳсоли арматура бо фарогирии 100 ҷои кор ба истифода дода шавад.

Инчунин соли 2018 дар самти бунёдкориву созандагӣ дар миқёси маркази шаҳру ҷамоатҳои Гулистон 27 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ, ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 16 ва 6 дӯкони дӯзандагӣ бо 17 ҷойи кор ба истифода дода шуданд. Дар ин давра 8,7 км роҳҳои мошингард таъмири асосӣ, 21,5 км таъмири ҷорӣ ва 27,0 км шағалпӯш карда шудаанд.

«Ҳамзамон соли сипаригашта ба мавзеъҳои истироҳативу фароғатии соҳили «Баҳри тоҷик», чун осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин», ки дар як баст имкони қабули 2022 нафар истироҳаткунандаву табобатгирандаро доранд, расман 3862 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 27340 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ ташриф оварданд»,-афзуд шаҳрдори Гулистон Фирдавс Шарифзода.

Февраль 4, 2019 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд