Дар Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» ташкил гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» ташкил гардиданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ бо дастгирии Кумита аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ «Мархур» ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» роҳандозӣ карда шуданд.
Хатсайри якум аз шаҳри Душанбе тавассути шаҳри Норак ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва Душанберо дар бар мегирад. Саёҳати мазкур 9 рӯз буда, барои моҳҳои май – сентябр пешбинӣ гардидааст.
Хатсайри дуюм аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, шаҳри Норак, мамнӯъгоҳи «Хуталон», осорхонаи таърихӣ дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи Дарвоз, Боғи ботаникӣ, осоишгоҳи Гармчашма, қалъаи Қаҳқаҳа ва Ямчунро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки масоҳати заминҳои мамнӯъгоҳи «Хуталон» 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, уреал-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон ва аз паррандагон асосан тазарв парвариш меёбанд.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дошта, ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир, бахусус бузи пармашохи «мархур», ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудааст ва мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум» диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро бештар ба худ ҷалб менамояд.
Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Дашти Ҷум» бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа ва ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бузи пармашох ё «мархур», ки дар ҷаҳон калонтарин популятсияи он танҳо дар қаламрави ин мавзеъ боқӣ мондааст, инчунин гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвонот мебошад.
Имрӯзҳо меҳмонону сайёҳон ва шавқмандони сайёҳии шикор аз ин минтақа боздид намуда, аз хизматрасонии меҳмонхонаи «Шикорчиён», ки бо ташаббуси ширкати сайёҳии ҶДММ «Мархур» дар мавзеи Обидараи Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохта шудааст, ба таври васеъ истифода менамоянд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо мақсади шиносоӣ ва таҳияи хатсайрҳои навӣ сайёҳӣ ба мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, Шаҳринав, мавзеъҳои Ромит ва Канаски шаҳри Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Норак, ноҳияҳои Рашт, Айнӣ, Исфара, Панҷакент, Ванҷ ва мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб боздид намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои мазкур муаррифӣ карда шуданд ва бештар аз 35 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия шуда, пешниҳоди дўстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон гардонида шуд.








Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд






