Дастаи «Истиқлол» дар Туркия омодагиро ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё вусъат мебахшад

Февраль 4, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе тайёрии худро ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё вусъат мебахшад. Дирӯз бозӣ сеюми санҷиии футболбозони «Истиқлол» бо дастаи «Кёге»-и Дания, ки дар Лигаи якуми футболи ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, бо натиҷаи мусовии 1:1  анҷом пазируфт. Тӯбро аз дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд. Ин вохӯрии таҷрибавии сеюми  душанбегиҳо дар шаҳри Анталияи Туркия мебошад. 

Аз ин пеш «Истиқлол» дар бозии дуюми санҷишӣ бар дастаи «Челик»–и Босния ва Герсеговина бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Тӯбҳоро Шериддин Бобоев ва Нозим Бобоҷонов ба нишон расониданд. Ягона бозие, ки барои чемпионҳо бо бохт анҷом ёфт,  ин  вохӯрии нахустини санҷишӣ аз дастаи «Тобол»-и Қазоқистон — дорандаи медалҳои биринҷии мавсими гузаштаи Қазоқистон бо натиҷаи 1:2 ба ҳисоб меравад.

Бозии санҷишии навбатиашро «Истиқлол» бо клуби «Том»-и Россия 6 феврал барпо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» баъди анҷоми  давраи омодагӣ дар Туркия мустақиман ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳо бо дастаи АГМК ба Ӯзбекистон сафар мекунад. Ин вохӯрӣ 12 феврал гузаронида хоҳад шуд.

Февраль 4, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад