Дорусозӣ самти муҳими саноатикунонии мамлакат буда, ривоҷи он бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 11.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат саноатикунонии босуръати мамлкат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Саноати дорусозӣ яке аз самтҳои муҳими саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар Тоҷикистон бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ривоҷ додани он имконпазир аст. Ин матлабро имрӯз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, дар айни ҳол «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» дар таҳрир қарор дошта, дар назар аст дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар асоси маълумоти чандсолаи таҳқиқотӣ оид ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон он бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расад.
Зикр шуд, ки «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» натиҷаи таҳқиқоти дастаҷамъонаи олимони институтҳои ботаника, биологии Помир, физика ва химия аст. Зеро дар он хосиятҳои гиёҳҳо омӯхта ва баҳогузорӣ карда шудаанд.
«Олимони тоҷик солҳои зиёд аст, ки дар масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш фаъолият мекунанд. Тасмим гирифтаем, ки дар Атлас аввалан он гиёҳҳое, ки хосиятҳои фармакологии онҳо омӯхта шуда, фармакопия доранд, чой дода шаванд. Яъне ин гиёҳҳо пурра омӯхта шудаанд ва ҳамчун маводи доруворӣ истифода кардани онҳо имконпазир аст. Дар Атлас дар бораи тақрибан 182 гиёҳи диёр, аз ҷумла дар бораи мавзеи паҳншавӣ, дар кадом минтақаи Тоҷикистон рӯиданаш, кадом вақт онҳоро ҷамъоварӣ кардан мумкин аст, хосияти фармакологии он ва аз он кадом доруҳоро истеҳсол кардан мумкин аст, маълумоти муфассал дода шудааст»,-зикр кард Фарҳод Раҳимӣ.
Дар робита ба ин дар Академияи илмҳо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ доир ба гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои шифобахши Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар Шӯро ба ғайр аз олимони Академияи илмҳо, инчунин олимони Донишгоҳи тиббӣ, Академияи илмҳои тиб, Вазорати тандурустӣ ва дигар олимон ҷалб шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар кишвари мо аз рӯи баъзе маълумот зиёда аз 3500 то 5 500 растанӣ мерӯянд, ки ҳамаи онҳо хосияти шифобахшӣ доранд. Мутаассифона, хусусиятҳои шифобахшии онҳо пурра мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд. Аз ин лиҳоз, Академияи илмҳо тасмим гирифтааст, ки омӯзиши гиёҳу растаниҳоро марҳила ба марҳила ба роҳ монад.








Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






