Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад-бардошт аз конференсияи илмӣ

Февраль 21, 2019 11:30

ДУШАНБЕ 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забони модарӣ-мероси фарҳангии соҳибзабонон»  конференсияи  илмию амалии ҷумҳуриявӣ  баргузор намуд. Ба ифтихори ин сана саҳни Китобхонаи миллӣ бо шиору лавҳаҳо дар васфи забони модарӣ оро ёфта буданд.

Ҳамоиши илмиро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зикр кард, ки хазинаи маънавии ҳар як миллат забони  ӯст. Эҳтиром ба забони модарӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, пайванди решаи дӯстии онҳоро ба вуҷуд меорад.

Зикр шуд, ки соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Норвегия аз ҷониби ЮНЕСКО бахши СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият китоби Атласи забонҳои дунё ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ дастраси хонандагон гардид, ки дар он зиёда аз 2,5 ҳазор забон сабт гардидаанд. Теъдоди забонҳо дар муқоиса бо нашри соли 1959 камтар аст. Яъне дар зарфи 60 сол зиёда аз 230 забон аз байн рафтаанд. Мутобиқи ин маълумот, дар Тоҷикистон 11 забон, аз ҷумла, забони бартангӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, орошворӣ ва ғайра зери хатар қарор доранд. Забони мо таърихи зиёда аз 4-ҳазорсолаи хату алифбо дорад. Ин моро водор месозад, ки онро поку беолоиш нигоҳ дорем.

Дар конференсия олимону донишмандон ва забоншиносони кишвар иштирок намуда, атрофи масъалаҳои марбут ба мушкилот ва рушду инкишофи забони тоҷикӣ ва забонҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи Тоҷикистон, инчунин аҳамияти онҳо дар такомули минбаъдаи забони давлатӣ маърӯза намуданд.

Аз ҷониби олимону забоншиносони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Данғара, Кӯлоб, Академияи ВКД  дар мавзӯъҳои «Тарҷума ва забони тоҷикӣ», «Равандҳои таъсирпазирии забони давлатӣ ва ҳифзи асолати он», «Вожаҳои суғдӣ дар топономияи музофоти Ғончӣ», «Забони модарӣ-мероси фарҳангии соҳибзабонон», «Забони модарӣ-ҳастии миллат» ва «Забон-сарчашмаи боэътимоди эҳёи давлат ва миллат» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Дар маърӯзаҳо ва музокираҳои донишмандон, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳамасола Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун ифодагари олитарин муқаддасоти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Он дар пайванди дӯстии халқҳо, тақвияти робитаҳо дар ҳифзу густариш ва гиромидошти забони модарӣ нақши муҳим мебозад. Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он, асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад.

Инчунин дар маърӯзаҳо донишмандон таъкид намуданд, ки раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангез ҳам ба бор дорад, ба забонҳои миллӣ бетаъсир намемонад. Дар шароити кунунӣ мо бояд аз ворид намудани ҳар гуна калимаву истилоҳоти бегона худдорӣ намуда, бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ амсилаи истилоҳҳои зарурӣ биофарем.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа борҳо ба миён гузошта, дар назди донишмандону аҳли ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Февраль 21, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад
«КӮЗАИ ВАҲДАТ». Ин кӯзаи мунаққаш аз хоки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шудааст
Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд
Дар Вазорати фарҳанг оид ба нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа ҳамоиш доир шуд
«ОФТОБИ НАЗМИ ОЛАМ». Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Париж барномаи фарҳангии Шашмақом баргузор гардид
ПАНДИ ҲОФИЗ — ҲИДОЯТГАРИ ИНСОНҲО БА СӮИ КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ. Бардошт аз конфронси илмӣ-байналмилалӣ дар ЮНЕСКО
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО 700-солагии Ҳофизи Шерозиро таҷлил менамояд
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид