Ҳайати 40-нафараи соҳибкорони Тотористон дар арафаи Наврӯз ба Душанбе меояд

Март 16, 2019 09:07

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Тотористон  тавсеа меёбад. Баргузории  Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз 19 март дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, далели ин гуфтаҳост.

Тавре аз Ҳукумати  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши доираҳои соҳибкории  Тоҷикистону Тотористон ҳайати баландпояи доираҳои тиҷоратии  Тотористон таҳти роҳбарии  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон, вазири саноат ва савдо Алберт Каримов  ба Тоҷикистон меояд.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҳамоиш  имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Тотористон муаррифӣ, нишастҳои дуҷонибаи В2В  доир гардида, санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон  ба имзо расанд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Март 16, 2019 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд