«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти ин ном дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии ёдгориҳои таърихӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз, 19 март, соати 10:00, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар намоиш ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, аз Наврӯзи соли 2018 то Наврӯзи соли 2019 3231 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба фонди Осорхона ворид гардидаанд, ки аз ин миқдор 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи Осорхона харид шудаанд. 763 адади он аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногун ба Осорхона эҳдо гардида, 1436 адади он ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» то 2 апрел идома меёбад.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






