Брюс Максвел, сайёҳи амрикоӣ дар бораи Тоҷикистон: «Чунин зебоиро мо дар ягон гӯшаи олам надидем»

Март 29, 2019 15:29

ДУШАНБЕ, 29.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ сайёҳони амрикоӣ иборат аз 10 нафар  аз тамошои гулгаштҳои лолазор ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд  ба ваҷд омаданд. Сайёҳони амрикоӣ аз маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд боздид намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Меҳмононро бештар гулгашҳои лолазор ва мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд  ба ваҷд оварданд.

«Дар ҷараёни саёҳати худ ба шаҳри бостонии Хуҷанд онҳо аз осорхонаи таърихии вилоятӣ, хона-музеи шоири классик Камоли Хуҷандӣ, инчунин Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд», — зикр намуд манбаъ.

Сайёҳи амрикоӣ Брюс Максвел, ки худ сокини иёлати  Аризонаи ИМА аст, бо таассуф мегӯяд, ки то имрӯз дар бораи Тоҷикистон, бахусус шаҳрҳои қадимаи он қариб ки маълумоте надошт.

«Солҳои зиёд Тоҷикистон дар сояи собиқ ИҶШС муаррифӣ мешуд ва кам касон дар бораи таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик маълумот доштанд. Баробари ворид шудан ба шаҳр моро лолаҳои гуногуннавъ “истиқбол” намуданд, ки назирашро чун сайёҳи собиқадор дар ягон гӯшаи олам надидаем», —  зикр намуд Брюс Максвел.

Ӯ Тоҷикистонро «ҷаннати рӯйи замин» унвон намуда, аҳд  кардааст, ки баъди бозгашт ба кишвараш ба дигар сайёҳон низ сафар ба ин  кишвари афсонавиро  тавсия  хоҳад дод. Хизматрасонии дастрас, обу ҳавои тоза, мардуми меҳрубон, фазои амну ооишта, табиати нотакрор ӯро маҷбур менамоянд, ки дар зудтарин фурсат боз ба ин кишвар сафар намояд.

Сайёҳони амрикоӣ тасодуфан дар даромадгоҳи Боғи Камоли Хуҷандӣ бо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯрда, мулоқоти судманд анҷом доданд (ДАР АКСИ ПОЁН). Сайёҳон ба шаҳрдор барои зебову пуртароват намудани шаҳри қадимаи Хуҷанд арзи сипос намуданд.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо теъдоди 680 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият доранд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошанд.

Март 29, 2019 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад