Дар шаҳри Хоруғ соҳибкори маҳаллӣ толори варзиширо таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намуд

Март 2, 2019 10:29

ХОРУҒ, 02.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии  шаҳри Хоруғ  боз як толори варзишӣ навсозӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар  таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба варзиш бамаротиб афзоиш ёфт. Ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекунад, ки парчами миллати худро дар толорҳои бузурги  ҷаҳонӣ баланд бардорад. Инро ба назар гирифта, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят толорҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар баробари мақомоти марбутаи давлатӣ дар бунёду навсозии толору майдончаҳои варзишӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд».

Толори мазкур бо кумаку дастгирии сохибкор Саламшо Имомназаров, ки Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо харҷи беш аз аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд.  Ин соҳибкори маҳаллӣ гуфт, ки ҳамаи таҷҳизот бо маслиҳату тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш харид ва дар ихтиёри варзишгарон гузошта шуд. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот худи варзишгарон кумак расониданд.

Дастурдиҳандаи Мактаби варзишии вилоят Ғуломҳусейн Мародҳусейнов бо изҳори сипос ба ин соҳибкори ҷавон гуфт, ки «бо истифода аз чунин шароит сатҳу сифати тамрину мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам боло хоҳад рафт. Баъд аз ин мутобиқи реҷа духтарону занон ҳам метавонанд дар ин толор ба машқи бадан машғул шаванд».

Март 2, 2019 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст