ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи Рухаки ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои барқарорсозӣ ва ташкили боғу токзор муташаккилона ҷараён доранд
ХУҶАНД, 02.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд дар самти бунёду барқарорсозии боғу токзор ва вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ корҳо бомаром ҷараён доранд. Хосатан, раванди бештари корҳо дар самти ниҳолшинониву барқарорсозӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба назар мерасад.
Чуноне масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар заминҳои мавзеи Рухаки ҷамоати мазкур бунёди боғҳои нав ба нақша гирифта шуда, бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ сокинони ҷамоат ва истифодабарандагони заминҳои мавзеи Рухак фаъолона иштирок намуданд. Дар ин рӯз беш аз 600 бех ниҳолҳои зардолу ва олу шинонида шуданд.
Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов Илҳом Аҳмадзода баён дошт, то имрӯз бо ибтикори роҳбарияти вилоят низоми обёрии заминҳои мавзеи Рухак барқарор гардида, корҳои ташкили боғҳои нав ва барқарорсозии боғу токзори мавҷуда муташаккилона ҷараён дорад.
Ҳамзамон аз оғози сол то имрӯз аз ҷониби хоҷагидорон дар масоҳати 3,8 гектар боғоти нави зардолуву шафтолу бунёд гардида, 5 гектар токзор барқарор карда шуд.
Бо беҳтар шудани ҳолати обёрии заминҳои ин мавзеъ аз тарафи истифодабарандагони замин кишти зироати гуногуни кишоварзӣ низ ба роҳ монда шудааст.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






