IRS: Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 4.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 1 марти соли равон бинобар зиёд будани тармафароӣ ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд. Давоми ин рӯзҳо аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” зиёда аз 85 тармаи хурду бузург бартараф гардиданд.
Нимаи дуюми дирӯз дар ин роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои мошинҳои ядакдор ва “Фура”-ҳо бо фосила аз як самт имконпазир гардид. Барои мисол, дирӯз ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин шуда, субҳи имрӯз аз Душанбе ҷониби Хуҷанд роҳандозӣ гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мавсими сармои имсола тадбирандешиҳо хеле зиёд буда, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст. Аъзои он тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ё дигар омилҳо ҳаракати нақлиёт қатъ карда шавад.
Ҳамчунин Далери Абдулло гуфт, ки «далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки мушкилӣ асосан дар километрҳои 48-82 мавҷуд аст. Дар ин мавзеъҳо хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф зиёд аст. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба тозакунии роҳ ва коркарди он бо моддаҳои зидди лағжиш шурӯъ мекунанд. Барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 10 ҳазор метри мукааб маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр сўзишвори дизелӣ, 85 тонна ангишт ва ба миқдори зарурӣ либосҳои зимистонаи махсус барои кормандон ва ғайра захира шудааст. Ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки тасмими ширкатро, ки аз Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат манша гирифтааст, дарк кунанд. Зеро дар ҳолатҳои зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракат дар ин роҳ дар навбати аввал ба бехатариашон рабт дорад»,-гуфт Далери Абдулло.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






