«Маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ»-раванди ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 14.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Самти асосии Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ «Маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ», ки бо ташаббуси Ӯзбекистон пешниҳод гардида буд, ба таъмини озодии инсон, дастрасӣ ба илму маориф ва таҳаммулпазирии динӣ нигаронида шудааст. Ин матлабро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ»-раванди ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» доир гардид, баён дошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки созмондиҳандагони ҳамоиш Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, таҳлилгарону коршиносон ширкат намуданд.
Таъкид шуд, ки Қатъномаи мазкур, ки ташаббускораш Ӯзбекистон аст, ба ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ, таҳаммулнопазирӣ равона гардида, маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ, адолат, эҳтиром гузоштан ба динҳои дигар ва сиёсати сулҳпарваронаро дар минтақа ва ҷаҳон тарғиб менамояд. Зикр шуд, ки дар Ӯзбекистон беш аз ду ҳазор ташкилотҳои динӣ фаъолият дошта, халқу миллатҳои гуногун дар ҷомеаи таҳаммулгаро осоишта зиндагӣ мекунанд. Ташаббуси Ӯзбекистон ҳамзамон барои ҳалли мушкилоти минтақа, таъмини амният ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки Қатъномаи мазкур ба таври фаъол ташаббуси Ӯзбекистонро дар масъалаи маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ тасдиқ менамояд. Маркази тамаддуни исломӣ, марказҳои байналмилалии илмию тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ, ба номи Имом Тирмизӣ, Академияи байналмилалии исломӣ дар Ӯзбекистон аз тарҳҳои бузург дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд, ки дар рушди маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ нақши арзишманд доранд.
Ҳамзамон Сафири Ӯзбекистон доир ба татбиқи раванди ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар сухан карда, афзуд, ки дар доираи ин ислоҳот Ӯзбекистон дар зарфи солҳои охир ба дастовардҳои чашмрас дар бахши иқтисодиёту иҷтимоёт ва илмию фарҳангӣ ноил гардидааст.
Бо дахли равобити нек ва дӯстонаи ду давлати ҳамҷавор -Тоҷикистон ва Ӯзбекистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ва Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақа шарикони стратегӣ буда, дар рушди устувор ва суботи минтақа нақши муассир доранд. Сафарҳои давлатии Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар, ки моҳҳои март ва августи соли гузашта ҷараён гирифтанд, дар тавсеаи муносиботи ду давлати ҳамсоя саҳифаи нав боз карда, он яке аз се рӯйдоди муҳиму таърихӣ барои Тоҷикистон дар соли сипаригардида дар Паёми Пешвои миллат арзёбӣ шуд.
Соли гузашта байни ду давлати ҳамсоя 53 Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуда, 46 ҳайат аз давлатҳои ҳамдигар боздид анҷом доданд. Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта 389 миллион долларро ташкил дод, ки аз рушди равобити мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.








Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор шуд
МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор мегардад
ПАРЧАМ ВА ПАРЧАМДОРӢ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия доир шуд
ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМ- ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҷамъомад доир шуд
Беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамоиши идона дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Душанбе Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид
Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






