ОЗОД НАФАС БИКАШЕД! Сил бемории табобатшаванда буда, табобати он дар мамлакатамон ройгон аст

Март 23, 2019 09:23

ДУШАНБЕ, 23.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 24 март ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил (World Tuberculosis Day)-ро   таҷлил менамояд. Ҳадафи ин рӯз  баланд бардоштани сатҳи донишу  маълумоти ҷомеаи ҷаҳон аз оқибатҳои бемории сил, усулҳои табобат ва ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бо бемории сил мебошад.

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории  сил бо қарори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 24 март, ки дар ин рӯз соли 1882 бори  нахуст микробиологи немис  Роберт  Кох барангезандаи бемории силро кушод ва  соли 1905 ӯ барои ин амалаш ба Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб  мушарраф гардид, сарчашма гирифта, таҷлил мешавад. Рӯзи мубориза бо бемории сил бо расми бобунаи сафед, ки рамзи нафаскашии озод ва солимро дорад,  оғоз ёфтааст. Ҳарчанд ин сана ба таври расмӣ соли 1982 тасдиқ шуда буд, аммо баргузории чорабиниҳои зидди бемории сил дар ҷаҳон охири асри 19 ва ибтидои асри 20  дар заминаи  амалҳои хайриявӣ асос ёфтааст.

Мусаллам аст, ки зуҳури Рӯзи мубориза бо бемории сил аз Рӯзи гули бобунаи сафед ибтидо мегирад. Бори аввал дар  Женева ҷавонон дар даст гулҳои бобунаи сафед ба кӯчаҳо баромаданд, ки ҳадафашон кумак ба беморони сил буд. Баъдан чунин амалҳо дар дигар давлатҳои Аврупо ба ҳукми анъана даромада, таваҷҷуҳи аҳолиро ҷалб кард. Фурӯши бобунаи сафед ба даромади ташкилотҳое, ки бар зидди бемории сил мубориза  мебурданд, табдил ёфт.

Бемории  сил  марговартарин миёни бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳар сол  он 1,7 миллион нафарро дар сайёра ба марг дучор мекунад. Дар ин росто, мубориза бо бемории сил  чораҳои ҷавобии ҷаҳониро тақозо менамояд. Инчунин баланд бароштани сатҳи иҷтимоӣ, маърифати санитарию беҳдоштӣ, тарзи ҳаёти солим ва хизматрасонии  тиббӣ ба аҳолӣ,  яке аз роҳҳои муассири мубориза бо бемории сил дар қарни 21 ба шумор меравад.

Дар ҷумҳурии мо Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил чӣ гуна таҷлил мегардад ва барои табобати беморони сил кадом барномаҳои авлатӣ амалӣ гардонида мешаванд? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулбаҳор Ашӯрова суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Гулбаҳор  Сангиллоевна, лутфан бигӯед, ки омилҳои асосии пайдоиши бемории  сил кадомҳоянд?

Гулбаҳор Ашӯрова: Омили асосии пайдоиши бемории сил- ин  манбаи сироят ё шахси гирифтори  бемории сил, ки хориҷкунандаи барангезандаи ин беморӣ аст, маҳсуб меёбад. Сироятёбӣ бо микобактерияҳои сил ҳангоми нафаскашӣ дар натиҷаи ба шуш афтодани зарраҳои ҳавоие, ки ҳангоми сулфаи бемори сили шушҳо ҷудо мешаванд,  ба амал меояд.  Манбаи сироят барои кӯдакон одатан калонсолони бемори силанд, ки бо кӯдак дар робитаи наздик-бештар ҳангоми дар як оила қарор доштан  мебошанд. Дар натиҷаи сироятёбӣ иллати аввалиндараҷаи шуш ба вуҷуд омада, маҷмааи сили ибтидоӣ инкишоф меёбад, ки аз иллати шуш ва сирояти лимфағадудҳо иборат аст. Ҷавоби масуниятӣ -ҳассосии баланди шакли суст ва масунияти ҳуҷайрагӣ баъди 4-6 ҳафтаи сирояти аввалиндараҷа ба амал меояд. Ҷавоби масуниятӣ дар ҳамин ҳолат афзоиши як қисми M.tuberculosis-ро барҳам диҳад ҳам, аммо миқдори ками микобактерияҳои сустшуда боқӣ мемонанд. Дар ин маврид танҳо натиҷаи мусбати санҷиши пӯстии туберкулин аз сироятёбӣ шаҳодат дода метавонад.

АМИТ «Ховар»: Силро бемории  пурра табобатшаванда мегӯянд. Ин ақида дуруст  аст?

Гулбаҳор Ашӯрова: Бале, бемории сил ба пуррагӣ табобатшаванда мебошад. Табобати бемории сил вобастаги дорад аз ташхиси саривақтӣ дар асоси натиҷаҳои  клиникӣ, молекулярӣ, радиологӣ ва таърихи тамосҳои бемор, дарёфткунӣ ва табобати фаврӣ ва самараноки беморони гирифтори бемории сили ба дорувориҳои зиддисилӣ устуворидошта, мавҷудияти кофии захираи маводи дорувории зиддисилӣ, риояи бетанафус, яъне пурраи давраҳои табобати зиддисилӣ, интихоби дурусти реҷаҳои табобат аз ҷониби мутахассисон, инчунин дастгирӣ кардани бемор ва оилаи ӯ, то  ки таъсири манфӣ ба рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва маърифатнокии   бемор камтар гардад.

АМИТ «Ховар»: Дар  ҷумҳурӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони гирифтори бемории сил табобати зиддисилии ройгон кафолат додааст. Шумо дар ин маврид чӣ илова карда метавонед?

Гулбаҳор Ашӯрова: Аз соли 2002 инҷониб доруҳои зиддисилӣ, барои тамоми шаклҳои бемории сил бефосила таъмин гашта, беморон аз табобати ройгон бархӯрдоранд. Бояд тазаккур дод, ки сатҳи дастрасӣ  ба табобати ройгони сил дар кишвар дар қиёс ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, назири  Чин, Ҳиндустон ва Покистон беҳтар аст. Тибқи қарордоди бадастомада миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Хазинаи глобалӣ,   шурӯъ аз соли 2016 харидорӣ ва таъмини дорувории зиддисилии қатори якум аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина барои харидории дорувориҳои зиддисилӣ соли 2016- 1 миллион  сомонӣ, соли 2017 -1,5 миллион сомонӣ ва соли гузашта 3,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии бемории сил ва табобати он кадом барномаҳои давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд?

Гулбаҳор Ашӯрова: Ҷиҳати пешгирӣ ва ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Мусаллам аст, ки бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемории сил қабул гардидаанд. То соли 2015 ду Барномаи миллӣ амалӣ гардида,  аз соли 2015 дар асоси «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори Суратҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ аз 18 июли соли 2014 ба имзо расидааст,  фаъолият карда истодаанд. Инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор, аз  қабили Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 23, ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил)  қабул гардидаанд.

Аз соли 2005 Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории  норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал менамоянд, ки назорати амаликунонии чорабиниҳоро дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бар дӯш доранд.

АМИТ «Ховар»: Беморхонаю марказҳои тиббие, ки маҳз ба табобати беморони сил дар ҷумҳурӣ махусус гардонида шудаанд, бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир ҷиҳозонида шудаанд? Оё дар ин самт  мутахассисони касбӣ мерасанд?

Гулбаҳор Ашӯрова: Дар мамлакат Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, 4 Маркази вилоятӣ ва 66 марказҳои шаҳрию ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил ва 1 Беморхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 1 беморхонаи кӯдаконаи сил, 4 беморхонаи сатҳи вилоятӣ ва 20 беморхонаҳои сатҳи ноҳиявию байниноҳиявӣ, инчунин як осоишгоҳи бачагона дар Қаратоғ фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ 3041 воҳидҳои корӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемории сил фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, табибон 580,25 воҳид, 258 нафар табиби силшинос,  табибони соҳавӣ 18 нафар, табибони таҳлилгар 34 нафар,  табибони рентгенолог 30 нафар – ҷамъ 340 нафар дар ин соҳа фаъолият доранд. Кормандони миёнаи тиббӣ – 1236 воҳид мебошанд. Инчунин дар  ҷумҳурӣ норасоии табибони силшинос зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад. 29 декабри соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар расонидани кумаки зиддисилӣ иштирок менамоянд, ба имзо расонида шуд. Ин дар оянда метавонад умеди моро барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳа зиёд намояд.

АМИТ «Ховар»: Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил  дар кадом поя аст?           

Гулбаҳор Ашӯрова: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, лоиҳаҳои  ҷаҳонии «ҳамкории боздошти сил», USAID  оид ба мубориза бар зидди бемории сил, «Духтурони бидуни марз»-и Ҳоланд дар Тоҷикистон, Бонки рушди Германия   ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

АМИТ «Ховар»: Оё аз ҷониби Парлумони мамлакат,  хусусан Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ  дар самти мубориза бо бемории  сил тадбирҳо андешида мешаванд?

Гулбаҳор Ашӯрова: Соли гузашта бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар «Соати парлумонӣ» дар мавзӯи «Вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Аъзои Кумита аз вазъи фаъолият ва хизматрасонии муассисаҳои тиббию профилактикии зиддии бемории сил дидан намуданд. Инчунин бо ташаббуси  кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди Маҷлиси намояндагон масъалаи пешгирӣ ва табобати бемории сил борҳо баррасӣ шуда, вакилони Парлумон дар конфронсҳои сатҳи баланд дар масъалаи бемории сил фаъолона ширкат намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
                                                             АМИТ «Ховар»

Март 23, 2019 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Деваштич дар мавзуи технологияи парвариши картошка машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2032 тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мегардад
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ. Роҳбарони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ такмили ихтисос намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
Дар Душанбе вобаста ба нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Туркия бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкориро тақвият медиҳанд
Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид