Рӯзихон Раҳмонова: «Хурсандем, ки садҳо шогирдон аз мо пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманакро ёд гирифтаанд»
ДУШАНБЕ, 22.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Суманак рамзи баҳор буда, ғизои махсусест, ки танҳо ба ҷашни Наврӯз алоқамандӣ дорад. Суманакро занони солдида дар минтақаҳои Ҳисору Рашт ва Суғду Хатлону Бадахшон бо тарзҳои гуногун тайёр менамоянд.
Сокини шаҳри Турсунзода Рӯзихон Раҳмонова мегӯяд, ки «мо, занони тоҷику ӯзбеки Турсунзодашаҳр барои пухтани суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯем ва сипас дар як зарф се рӯз тар карда, нигоҳ медорем. Баъди неш задани гандум онро ба рӯи тахтаи тоза ё табақҳои чӯбин рехта, дар ҷои соя мегузорем ва то сабзидан ҳар пагоҳӣ об мепошем. Тақрибан баъди 3 — 4 рӯзи сабзидани гандум майсаи онро қима карда, ё дар зарфҳои махсус кӯфта, аз болояш об мерезем. Сипас се маротиба аз дока фишурда, шираашро дар зарфҳои алоҳида гирифта, нигоҳ медорем. Баъдан шираи сабзаи гандумро дар дег рехта, дар оташи баланд меҷӯшонем».
Холаи Рӯзихон гуфт, ки «ба ҳайси мураббӣ дар Хонаи кӯдакони ятими шаҳри Турсунзода фаъолият дорам ва ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз барои хурсандии ятимон дар ин даргоҳ мо суманак мепазем. Дар маросими суманакпазии мо дар интернат чанд нафар занони ботаҷриба ва духтаракони ятим гирд омада, бо нияти нек ва дуову орзуҳо деги суманакро оташ мегиронем.
Як анъанаи муҳими минтақаи мо дар суманакпазӣ ҳамин аст, ки бо навбат дегро кофта, барои пешгирии насӯхтани дег 7 санча ба даруни дег мепартоем ва пас аз тайёр шудани суманак ин сангчаҳо дар косаи кадом нафаре омад, онро бо нияти нек дар ҷойи пок нигоҳ медорад».
Рӯзихон Раҳмонова иброз медорад, ки аз солхӯрдагон шунидаем, ки суманак ғизои покон буда, бо чашиданаш орзуву ормони инсон мешиканад. Аз ин рӯ мо кӯшиш менамоем, ки таги деги суманак насӯзад, чунки бо сӯхтани суманак таркибаш вайрон мешавад ва бӯйи нофорам паҳн мегардад. Ҳамчунин ҳезуми суманакро қаблан омода менамоем.
Рӯзихон зикр намуд, ки «мо, занони таҷрибадор аз он хурсандем, ки садҳо шогирдони муассиса аз мо пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманакро ёд гирифта, ба насли ояндаи миллат мерасонанд. Ба ин восита хӯрокҳои миллӣ аз байн намераванду таърихи ниёгони мо ҳамеша зинда мемонад».
Дар шаҳри Турсунзода, ки ду миллати бо ҳам дӯсту бародар зиндагӣ менамоянд, суманаки дегиро якҷоя бо хешону ҳамсоягон дар дегҳои калон 24 соат мепазанд ва дар гирди деги суманак рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ғайр аз суманак хӯроки якум шир, нони навпухташударо истифода мебаранд, зеро ин хӯрокҳо рамзи «хубӣ» ва «хушӣ» доранд. Инчунин дар ҷашни Наврӯз дар ин минтақа дар баробари пухтани суманак гандумкӯча ё кӯча, самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим мерос мондааст.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?






