САЛОМАТӢ — ГАВҲАРИ НОЁБ. Аз истифодаи чилим ва нӯшокиҳои нерубахш дурӣ биҷӯед!

Март 15, 2019 12:22

ДУШАНБЕ, 15.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро  таҷлил менамояд.  Мусаллам аст, ки мафҳуми муосири «ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ибтидои худро аз эътирози расмии шаҳрвандон нисбат ба фурӯшандагони маҳсулоти хӯроквории таркибаш вайронгашта дар иёлоти Массачусетси  Амрико дар соли 1775 гирифтааст. Баъди ин дар Амрико ба масоили ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ  дода, ҷиҳати ташаккули махзани қонунгузорӣ дар ин соҳа замина гузошта шуд ва соли 1890 аввалин маротиба қонуни зиддиинҳисории Шерман қабул гардид.

Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода бо корманди масъули  Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод РАҲИМОВ  мусоҳиба орост.

АМИТ «Ховар»: Сараавал бигӯед, ки чаро маҳз 15 март Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон интихоб шудааст?

Дилшод Раҳимов: 15 марти соли  1961 президенти Амрико Ҷон Кеннедӣ дар Конгресс роҷеъ ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон суханронӣ намуд. Аввалин маротиба санаи мазкур соли 1983 дар сатҳи байналмилалӣ  ҷашн гирифта шуда, ба тақвими ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон шомил шуд. Дар асоси Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011 бо мақсади ба истеъмолкунандагон расонидани маълумот вобаста ба ҳуқуқ ва маърифатнокии онҳо ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил  мегардад.

АМИТ «Ховар»: Тибқи Қатъномаи Маҷмаи кулли СММ истеъмолкунандагон аз кадом ҳуқуқҳо бархӯрдоранд?

Дилшод Раҳимов:  Истеъмолкунанда  ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ,  маълумот доир ба мол, кор, хизматрасонӣ, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки аз нуқсони мол, кор, хизматрасонӣ расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, кор, хизматрасонӣ, изҳори назари худ оид ба мол, кор ва хизматрасонӣ ҳуқуқ дорад. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур ҳар як давлати аъзои СММ ба ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои аҳолӣ дар бозори истеъмолӣ уҳдадор мешавад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, айни замон дар 120 давлати ҷаҳон 224 ташкилоти байналмилалии Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (Consumers International CI) фаъолият доранд, ки дар танзими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон саҳмгузоранд. Қароргоҳи ин созмон дар Лондон воқеъ буда, рисолаташ  пешниҳоди назари истеъмолкунанда дар сатҳи байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ, мусоидат ба рушди маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон аст.

АМИТ «Ховар»: Доир ба татбиқи Қатъномаи СММ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом корҳоро  анҷом додааст?

Дилшод Раҳимов: Дар иртибот ба татбиқи Қатъномаи СММ дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» 15 майи соли 1997 қабул гардида, баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро  ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ ба танзим медарорад. Инчунин ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатӣ бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол, кор, хизматрасонӣ ва истеҳсолкунандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян месозад.

АМИТ «Ховар»: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ваколатҳояш дар самти назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории кишвар дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  чӣ тадбирҳо андешидааст?

Дилшод Раҳимов: Дар ин самт бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамасола Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои минтақавӣ ва дигар мақомоти ваколатдори соҳавӣ чорабиниҳое мегузаронад, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Дар сомонаҳои интернетии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва мақомоти марбутаи соҳа мақола ва маълумот дар доир ба аҳамияти Рӯзи байналмилалӣ ҷой дода шуда, тавассути  овезаҳо, билбордҳо ва дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиркунонии мавзеъӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ рекламаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд. Инчунин тавассути ВАО вобаста ба маърифатнокию ҳуқуқҳои истеъмолкунанда мақолаю барномаҳои махсус таҳия ва интишор гардида, роликҳои таблиғотӣ пахш карда мешаванд.

Ҳамзамон бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои  гузаронидани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқию истеъмолӣ ва назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бозорҳо бо шаҳрвандон ва соҳибкорон- фурӯшандагони мол, иҷрокунандагони кору хизматрасониҳо мунтазам вохӯрию семинарҳо гузаронида мешавад. Ба  иштирокчиён асноди маърифатӣ бо шарҳу тавсияҳо дар намуди буклетҳо, плакатҳо ва брошюраҳо дар мавзуи маърифатнокии истеъмолӣ ва ҳимояи давлатию ҷамъиятии ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақдим мегардад.

 АМИТ «Ховар»: Оё дар ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон марказҳои машваратӣ фаъолият  мекунанд?

Дилшод Раҳимов:  Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати татбиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон бо пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  «Марказҳои машваратӣ» фаъолият  мекунанд. Вобаста ба ин, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қабулгоҳҳои марказҳои машваратӣ созмон дода шуда, тибқи нақша аз ҷониби масъулини марказҳои машваратӣ дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.Ҳадафи асосии фаъолияти марказҳои машваратӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолии аҳолӣ, баррасии арзу шикояти онҳо ва танзими муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

АМИТ «Ховар»: Оё истеъмолкунандагон  дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат менамоянд?

Дилшод Раҳимов: Аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиати шаҳрвандон дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода  мешавад. Соли 2018  муроҷиати  шаҳрвандон вобаста ба пешниҳод  накардани чеки хазинадорӣ, хариди моли пастсифату нуқсондор, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои хӯроки умумӣ, барқ, об, хизматрасониҳои таълимӣ, тиббӣ, техникӣ, иҷоравӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ ва маишӣ тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар бисёр тарабхонаҳои кишвар истифодаи чилим (қалён) ба назар расида, истеъмоли нӯшокии рӯҳафзою нерубахш  дар байни наврасону ҷавонон ба «ҳукми анъана» даромадааст. Назари Шумо ба ин масъала?

Дилшод Раҳимов:  Воқеан ҳифзи саломатии  истеъмолкунандагон як ҷузъи сиёсати тандурустии Ҳукумати мамлакат мебошад, зеро инсони солим ояндаи дурахшони ҳар ҷомеа маҳсуб меёбад. Чун дар мавриди истифодаи «чилим» ва «нӯшокиҳои рӯҳафзои нерубахш» (нӯшокиҳои энергетикии машруботӣ ва ғайримашруботии сахт газнокшудаи дорои кислотаи карбонат)  савол додед, ҳаминро гуфтаниям, ки тибқи маълумоти ниҳоди ҷаҳонии тандурустӣ, ҳангоми истифодаи «чилим» дар як соат 100 маротиба бештар аз 1 дона сигор гази дуоксиди карбон ва моддаҳои заҳрнок ба узвҳои нафаскашӣ ворид мегарданд. Аз таъсири манфии онҳо истеъмолкунанда оқибат ба бемориҳои сироятӣ, саратон, сил, гепатити «В», дилу рагҳо ва безурётӣ мубтало мегардад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки вақтҳои охир истеъмоли нӯшокиҳои рӯҳафзо дар байни наврасону ҷавонон низ афзудааст. Наврасону ҷавонон набояд фаромӯш созанд, ки  ҳангоми аз меъёри муқаррарӣ (дар як рӯз истеъмоли 1 зарфи нӯшокӣ тавсия шудааст) зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои мазкур захираи неруи дохилии организм коста гардида, сар задани бемориҳои дилу рагҳо, фишорбаландӣ, меъда, асабоният, глаукома ва бедорхобӣ эҳтимолият дорад. Ҳамзамон  истифодаи тӯлонии он метавонад сабаби майзадагию нашъамандӣ гардад.

Дар ин росто дар  Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои бехатарӣ ва ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон таъкид менамоем, ки дар мавриди истифода аз «чилим» ва «нӯшокиҳои рӯҳафзои нерубахш» истеъмолкунандагон, хусусан  наврасону ҷавонон  боэҳтиёт бошанд,  зеро саломатӣ гавҳари ноёб аст ва бояд онро ҳифз кард.

АМИТ «Ховар»: Дар мавриди ошкор гардидани маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю  нуқсондор истеъмолкунандагон бояд ба куҷо муроҷиат намоянд?

Дилшод Раҳимов: Хотиррасон бояд кард, ки ҳангоми ошкор гардидани нуқсони моли харидашуда ва камбудии иҷрои кору хизматрасонӣ, инчунин вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунанда,  истеъмолкунандагон ҳуқуқ доранд ба телефони боварии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон —  236-50-27 муроҷиат намоянд.

                                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 15, 2019 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд