Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии «Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригашта дар ҳошияи сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар Форуми VII ҷаҳонии Боку боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода аз Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку сурат гирифт.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот бо Директори генералии Бандари мазкур Толеҳ Зиядов маълумоти муфассал оид ба фаъолияти он манзур гардида, пешниҳод карда шуд, ки имкониятҳои бандар барои ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон фаровон истифода бурда шаванд.
Бояд гуфт, ки Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку соли 2018 мавриди истифода қарор дода шудааст. Масоҳати он 117 гектарро ташкил дода, он дорои 12 киштигоҳ мебошад. Иқтидори бандари мазкур барои интиқоли борҳо дар як сол то 15 миллион тоннаро ташкил менамояд ва ҷиҳати истифодаи фарогир аз имкониятҳои бандар дар назди он минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд шудааст. «Истифодаи бандар на танҳо барои интиқоли борҳо, балки барои таъмини ҳамкории бештари минтақавӣ саҳмгузор хоҳад буд»,-зикр намуд Т. Зиядов.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






