Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31-уми марти соли 2019 дар шаҳри Масқат маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон ҷаноби Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ баргузор гардид.