Ҷавонони фаъол аз Китобхона ва Осорхонаи миллӣ дидан намуданд

Апрель 5, 2019 18:07

ДУШАНБЕ, 05.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз сайри ҷавонон-аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия ба Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Аснои шиносоӣ ҷавонон аз тамошои  бахшҳои гуногуни ин махзани илму дониш ва ҷойгоҳи фарҳангу тамаддун ғизои маънавӣ бардошта, ба саволҳои сершумори худ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Ҳадафи сайри мазкур огоҳии ҷавонон аз таъриху маънавиёт, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, шинохти  осори арзишманди шоирону адибон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ буда, он  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Ҳангоми боздид ҷавонон аз осори ниёгон, бозёфтҳои куҳани ҳунарҳои миллӣ, амсоли кулолгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ ва ғайраҳо шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон ҷавонон бо Китобхонаи электронӣ ва китобҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд.

Апрель 5, 2019 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад