Ҷавонони тоҷик дар 8-умин олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон соҳиби Шоҳҷоиза ва 7 медали тилло гардиданд

Апрель 15, 2019 14:32

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/Ҷавонону  наврасони тоҷик  дар 8-умин Олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон  дар Малайзия аз фанни физика ва химия сазовори ҷойи аввал гардида, Шоҳҷоиза ба даст оварданд.       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  8- умин Олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон аз 12 то 14 апрели соли равон  баргузор шуда, дар он намояндагони   25 давлати дунё  иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ин олимпиада  Маҳваш Қурбонова (1), Маҳноза Кабирова (1), Субҳиноз Беғамова (1), Меҳроб Қосимов (1), Акмал Кингаков (1), Муҳаммад Боқиев (1), Сиёвуш Султонзода (1), Фариддун Муродов (2), Хусрав Муродзода (2), Меҳрон Нуралиев (3) ва Рустам Зиёев (3) муаррифӣ намуда, бо нишон додани беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмии хеш  соҳиби  7 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Маҳваш Қурбонова ва Маҳноза Кабирова волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамзамон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017-2018 мебошанд.

Апрель 15, 2019 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд