Беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифати воридотӣ аз қаламрави гумрукии Тоҷикистон хориҷ карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 219 тонна гӯшти мурғи аз хориҷа ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ воридшуда пастсифат арзёбӣ гардида, аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуд.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» зимни гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дар озмоишгоҳи Агентӣ намунаи гӯшти мурғи воридотиро ташхис намуданд. Дар натиҷа он пастсифат баромада, ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷавобгӯ набуд.
Дар ин росто, бо сабаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти мушаххаси истеъмолӣ надоштани маҳсулоти пешниҳодгашта ва ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ набудан ба мақсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд ва аз қаламрави гумрукии мамлакат бароварда шуд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд. Соли равон дар Агентии «Тоҷикстандарт» ду маротиба мулоқоти масъулони Агентӣ бо соҳибкорон — воридкунандагони маҳсулоти гӯштӣ ва қаннодӣ баргузор гардид.
Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам аз ҷониби соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд. Воридоти беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷи кишвар шаҳодати ин гуфтаҳост. Ҳол он ки таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.








Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд






