Дар доираи Барномаи рушди саноати сабук дар Тоҷикистон баистифодадиҳии 19 корхона ба нақша гирифта шудааст

Апрель 24, 2019 10:58

ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 марти соли 2019 қабул шуд. Дар робита ба мақсад ва вазифаҳои барномаи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо сардори маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Нуриддинов ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мақсад ва вазифаҳои Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 аз чӣ иборат аст?

Фазлиддин Нуриддинов: Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пўст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Мақсади Барномаи мазкур фароҳам овардани шароит барои корхонаҳои молистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум, зиёд намудани иқтидори содиротии маҳсулоти тайёр ва таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Самтҳои асосии татбиқи Барнома кадомҳоянд?

Фазлиддин Нуриддинов: Самтҳои асосии татбиқи Барнома идома додани корҳо дар самти татбиқи азнавкунии техникӣ ва иқтисодии корхонаҳои саноати сабук ва дар ҳамин асос таъмини рушди босуботи инноватсионии соҳа; дар асоси амалӣ намудани азнавмуҷаҳҳазгардонии технологӣ андешидани тадбирҳо вобаста ба ҷорӣ намудани навъҳои нави маҳсулот, ки талабот ба онҳо бештар аст, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсол; ба таври васеъ истифода намудани ашёи хоми маҳаллӣ; истифодаи бештари иқтидорҳои истеҳсолӣ бо дарназардошти баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, беҳдошти сифат ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани хусусиятҳои истеъмолию техникии маҳсулот; диверсификатсияи содирот, дарёфти бозорҳои нав ва мустаҳкам намудани мавқеи маҳсулоти саноати сабук дар бозорҳои хориҷи кишвар ба воситаи беҳтар намудани сифати он арзёбӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»: Мувофиқи Барномаи рушди саноати сабук дар навбати аввал кадом корҳо ба назар гирифта шудаанд?

Фазлиддин Нуриддинов: Дар Барномаи соҳа нишондиҳандаҳои дурнамои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо нишондиҳандаҳои дурнамои Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва имкониятҳои воқеӣ мутобиқ гардонида, дар навбати аввал мусоидат ба раванди таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»: Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои татбиқи Барнома чӣ миқдорро ташкил медиҳанд?

Фазлиддин Нуриддинов: Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои амалигардонии Барномаи мазкур то соли 2022 аз ҳисоби ҷалби соҳибкорон, сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ва маблағҳои корхонаҳо, аз ҷумла зимни ба кор андохтани иқтидорҳои нав ташаккул ёфта, зиёда аз 438 млн сомониро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Дар доираи Барнома чанд адад корхонаҳои саноати сабук бунёд мешаванд?

Фазлиддин Нуриддинов: Тайи чор соли охир дар доираи Барномаи  рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 баистифодадиҳии 19 корхона бо таъсиси 1977 ҷойи кори нав ба нақша гирифта шудааст.

Апрель 24, 2019 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд