Дар Душанбе ҷанбаҳои стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Ҷанбаҳои стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон» дар ҷараёни ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва коршиносон доир гардид, баррасӣ шуд.
Ҳабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш паҳлуҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакатро муҳокима намуда, зикр карданд, ки рушди устувори минтақаҳои Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо барномаҳои гуногуни давлатӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ дар минтақаҳои кишвар мусоидат менамояд. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, ба рушди минтақаҳои мамлакат нигаронида шудааст. Инчунин дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба рушди иқтисодию иҷтимоиии минтақаҳои кишвар афзалият дода шудааст.
Иштирокдорони ҳамоиш зимни маърӯзаҳои пурмӯҳтаво паҳлуҳои асосии рушди минтақаҳои мамлакат, назири дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар маҳалҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираю имкониятҳои сайёҳӣ, зеҳнӣ, меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоиро матраҳ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Мусаллам аст, ки бо амалӣ гардонидани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ-саноатӣ табдил дода мешавад. Инчунин дар иртибот ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сатҳу сифати зиндагӣ дар деҳот баланд бардошта шуда, ба сатҳи шаҳр бароварда мешавад. Бунёд ва ба истифода додани инфрасохтори гуногуни бахши иқтисодию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки имрӯзҳо ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил гардидааст, шаҳодати ин гуфтаҳост.








Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд






