Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо доир мешавад

Апрель 30, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 1, 2, 3, 4 майи соли равон дар МД «Кохи Борбад» дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи  истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату  идораҳои  давлатӣ,  корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо иштирок хоҳанд намуд.

Дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор ва истеҳсолкунандагони  маҳсулоти хӯрокӣ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, онҳое, ки аз  намоишгоҳ-фурӯши мазкур боздид менамоянд, имконият доранд  маҳсулоти писандидаашро интихоб ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон онро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.

Апрель 30, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад