Дар Душанбе якумин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе якумин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша ва Агентии мубодилаи академикии Ҷумҳурии Полша (NAWA) оғоз гардид.
Намоишгоҳи мазкур бо даъвати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Полша дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони 16 муассисаи таҳсилоти Ҷумҳурии Полша иштирок доштанд.
Дар оғози ярмарка Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Полша ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни боздид аз Намоишгоҳ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ба хатмкунандагон иброз намуд, ки онҳо имкон доранд дар ин намоишгоҳ, ки се рӯз идома меёбад, бо шароити муассисаҳои таҳсилоти олии Полша ва ихтисосҳои пешниҳодгардида шинос шаванд.
Сайфиддин Давлатзода бо намояндагони донишгоҳҳои Полша суҳбат намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ даъват кард, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар метавонанд як зумра созишномаҳоро вобаста ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории конфронсҳои муштарак ва анҷом додани корҳои илмии муштарак ба имзо расонанд.
Директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Шодиев зикр намуд, ки намоишгоҳи имрӯза ихтисосҳоро дар зинаи бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ ба довталабон пешниҳод кардааст ва шаҳрвандон метавонанд дар ин ҳамоиш иштирок намуда, дар ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ таҳсил намоянд.
Исматулло Шодиев гуфт, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат афзалиятҳоро бештар ба ихтисосҳои техникӣ равона кардааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кӯшиш менамояд, ки дар соҳаи техникӣ мутахассис омода намояд, то онҳо тавонанд ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.
Ноиби Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Хаёл Бобоев иброз намуд, ки баргузории чунин намоишҳо барои ҷавонон имкони хуби таҳсил дар хориҷи кишварро фароҳам меорад. «Мояи ифтихор аст, ки имрӯз барои ҷавонон чунин имкониятҳо вуҷуд дорад. Ҷавонони болаёқат ва забондон метавонанд дар давлатҳои абарқудрат таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони варзида ба халқу миллат хизмат намоянд»,- гуфт Хаёл Бобоев.
Мавсуф иброз намуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имрӯз бо донишгоҳҳои технологии шаҳри Силесия, Гданск ва Кракови Полша шартномаи ҳамкорӣ дорад. Тибқи он донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ ба ин донишгоҳҳо барои коромӯзӣ ва табодули таҷриба фиристода мешаванд.
Зикр гардид, ки ҳоло зиёда аз 800 нафар донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик дар Ҷумҳурии Полша ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.











Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






