«ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ…». Мулоҳизаҳои коршинос дар ҳошияи муроҷиати ШСХК «Барқи тоҷик»

Апрель 2, 2019 10:28

ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» 29 марти соли равон бобати пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ ба муштариён муроҷиат намуд, ки масъулияти баланд нишон диҳанд ва барои ошкор намудани ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бетарафӣ накунанд. Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» аз ҷониби коршиносону намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа дастгирӣ  пайдо намуд.

Аз ҷумла, тавре муовини сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт,  «дар урфият мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ.  Чуноне масъулини ширкат дар муроҷиатнома таъкид намудаанд, барои таъмини бе таваққуфи барқи ҳар як шахс ва кишвар, таъмири хатҳои барқ,  трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф, бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди онҳо маблағҳои калон заруранд. Ба ғайр аз ин ширкат ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомонӣ андози роялтӣ месупорад. Ҳадаф аз ин таъкид ин аст, ки ҳар як муштарӣ агар ҳаққи барқи истифодашударо пардохт насозад, барои таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ душвориҳои ҷиддӣ пеш меоянд ва ҳатто имкони бемаҳдудият бо барқ таъмин намудани ҷумҳурӣ бо неруи барқ халалдор мегардад. Дар ҳақиқат дар осон гардидани ин мушкилӣ саҳми аҳолӣ хеле калон аст, бо шарте, ки ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд».

Ба андешаи номбурда, ҳар як муштарӣ вақте ки аз барқ истифода мебарад, бояд ҳатман маблағашро пардохт намояд. Зеро ин барои бо барқ таъмин будан ва такроран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст.

Дар муроҷиатнома инчунин зикр шудааст, ки ширкат имконияти техникии ба таври алоҳида хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздорро надорад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо  зарур  меояд, ки деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку маҳаллаҳоро аз барқ маҳрум созад. «Дар чунин ҳолат нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, беинсофӣ мешавад. Яъне мо набояд ба ҳамсояи худ зарар расонем. Яке аз одобҳои муқаррарнамудаи ислом барои мусалмон нисбат ба ҳамсоя ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба вай озору газанд нарасонад, балки ӯро аз озор ва азияту таҳқир ҳимоя намояд»,-гуфт номбурда.

Дар муроҷиатнома дар мавриди мушкилоти ҷойдоштаи дигари соҳа-дуздидани барқ махсус гуфта шудааст. Умед Давлатов зикр кард, ки ҳарчанд нисбат ба даҳ соли охир маърифати мардум дар истифодаи сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ боло рафта бошад ҳам, вале то ҳол аз ҷониби шахсони алоҳида дуздии барқ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамсуҳбат пешниҳод намуд, ки нафароне, ки дидаву дониста ба дуздидани барқ даст мезананд, ба хазинаи давлату ҷомеа даст мехалонанд, ҳаққи ҳамсояву ҳамдеҳаро аз худ мекунанд, бояд ҷиддитар муҷозот шаванд. Мусоҳиби мо дар фарҷом аз муштариён-сокинон даъват кард, ки дар ин кор кумаку дастгирии худро дареғ надоранд, зеро ин амал ба манфиати тамоми ҷомеа мебошад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2019 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд