Кӯчаҳои марказии Нуробод ба номҳои Нусратулло Махсум, Асадулло Ғуломов ва Абдуқаҳҳор Азизов номгузорӣ шуданд
НУРОБОД, 13.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғиби анъанаҳои миллӣ, эҳёи номҳои таърихӣ ва суннатҳои неки номгузории аҷдодон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод як зумра кӯчаҳои навбунёди шаҳраки Дарбанд ба номи шахсиятҳои шинохта номгузорӣ шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бо ин қарор номи кӯчаҳои марказии шаҳраки Дарбанд ба номҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов ва Абдуқаҳҳор Азизов, ки дар рушду инкишофи ин ноҳия саҳси сазовор гузоштаанд, номгузорӣ шуданд.
Сокинони ноҳия баҳри зинда нигоҳ доштани номи ин шахсиятҳои таърихӣ ва тарғиби заҳмату матонати онҳо дар ободии Ватан ҳамеша кӯшиш менамоянд. Зеро ин шахсиятҳо дар рушди хоҷагии халқи ноҳия ва ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидаанд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






